Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:22

Солиҳов: Ҳамаи санҷишҳои мо дар ширкатҳои Зайд қонуниянд

24 июл 2013, 11:48

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи санҷишҳое, ки дар ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик гузарондаанд, дар доираи қонун сурат гирифтаанд.

Аюбҷон Солиҳов, муовини аввали раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ таъйид намуд, ки санҷишҳои охири ширкатҳои Зайд Саидов бо дархости хаттии мақомоти қудратӣ сурат гирифтаанд. Солиҳов илова намуд, ки мувофиқи Кодекси андози Тоҷикистон дар сурати ифтитоҳи парванда алайҳи ин ё он андозсупоранда, Кумитаи андоз вазифадор аст, фаъолияташро мавриди санҷиш қарор диҳад.

Муовини раиси Кумитаи андоз иттилоъ дод, ки санҷишҳо танҳо дар ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон байналмилал” дар ҳаҷми 16 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозҳоро ошкор намудаанд. Солиҳов афзуд, ки ин миқдор қарздорӣ давоми 5 соли охир сурат гирифтааст ва айни ҳол танҳо қисми ками он пардохт шудаасту халос.

Ба суол, ки дар ҳоле пинҳонкунии андоз давоми 5 соли охир сурат гирифтааст, чаро Кумита то ҳол аз он сухан намекард, Солиҳов посух дод, ки ин пинҳокуниҳои андоз дар пайи дарёфти маълумоти иловагӣ маҳз ҳозир ошкор шудаанд. Инчунин ба гуфтаи ӯ сифати санҷишҳо аз ҷониби Кумитаи андоз низ вақтҳои охир беҳбудӣ ёфтааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” мавриди санҷиш қарор гирифта, 19-уми майи соли равон боздошт гардид ва айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар бисёрзанӣ, қаллобӣ, сӯйиистифода аз мақом ва фасод муттаҳам мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ватан

  • 24 июл 2013 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҳа 20 сол гузашт анакнун аз хоб хестед ё хезондан. кора кунед баъди масъалаи Зайд боз хоб меред. то киёмат!!!! дао ончо андоз супоридан дар кор
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Панчсоли дигар кумитаи андоз пора гирифта андозро руи пуш мекард.
Посух додан
  • Андозсупоранда

  • 24 июл 2013 12:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ьа Аюбчон Солихов чаноб шумо одилона кор намекунед андозро факат мардуме ки барои ёфтани нони халол мехнат мекунанд хамонхо месупоранд, бокимонда хама фиреб аст. Ба Очонси гуфтаниам, ки як бор худи андозро дида бароед чи кадар маблагхои хангуфт ба чигилдони нахангхо меравад. Давлати мо аз дасти мана хамин вазорату кумитахо акиб мондааст мо мардуми чабрдида чафо мекашем хар маоши онхоро ба буча месупорем онхо бошанд агар 1 калам барои корхона харида бошанд 1000 калам харидем гуфта нишондод мекунанд. Ва дар охир боз аз хамин чаноб мепурсам ки барои чи хирс барин хоб мекунеду сари вакт талаб намекунед андозро, барои он ки хар рузу хар мох пули харом ба чайбатон медарояд ба хамааш чавоб хохед гуфт албата дар назди Худованд.
Посух додан
  • Сохибкор

  • 24 июл 2013 13:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хами Аюбчонакомба гапуш нест. Ба суоле, ки пинҳонкунии андоз давоми 5 соли охир сурат гирифтааст, чаро Кумита то ҳол аз он сухан намекард бисёр хам чавоби оличаноб гуптаги. Бовар кунид хами санчишхои КА факат дар доираи Кодекси андоз гузаронида мешавад.
Хами гуптагибарин санчишгарои Кумитаи андоз бисёр дур андешда хами сохибкорои бечораба бисёр дастгири мекунанд кандашона зананд, хаминки сохибкороя ки ёфтан як санадча тартиб медиханду гови алабарин........ то санчиши навбати чавоб медиханд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акои Нусратуло Давлатовро бурда дар Олмон аз хисоби грантхои давлати муолича намудаистодаен вакти бромаданашон аз маблагхои Заид Саид ки дар зарфи панч сол пора гирифтен истифода намоед Солиев аз Худо тарс ки рузе мешавад ки барои ин зулму дуруг чавоб мегуед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Аюбчон Солихов худи ту ва худи раиси кумитаи андоз ин вазифахоро бо нархи зиёда аз 300000 долари харидаед. Киргизо як масал доранд, ки "пул кулдум чон кулдум" шумо айнан хамин хелед агар тафтиши бо пастава намекуни аз вазифа гум шав....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Писари Солиев дар Амрико аз кадом хисоб мехонад як соли хониш 25000хазор долар. як матал хаст ку аз пой афтидагиро намезанан лекин шумо бошен дар баробари ун казоку ветнам болои Зайд Саид шаходати бар дуруг медихен фаромуш накунен ки президент як инсони хокист имруз аз барои фармони инсони фармони Илохиро инкор мекунед
Посух додан
  • абдулло

  • 28 июл 2013 00:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ассалому алейкум худи раиси кумитаи андоз аз корхонахои сохибкорон андоз гирифта ба манфиати худ истифода мекунад .... раиси кумитаи андоз аз як сохибкори хитой ки дар точикистон кирпич завод арматур завод дорад бо он шартнома карда аз он 250-300 хазор долари амрикои гирифта 1сола андози онро хисоб накардааст .баъд аз кучо давлвти мо пешрава инхел хоинои давлат бисёранд раису раисбача хама ба манфиати худ кор мекунанд хичка гами халка намехура ..............илтимос чоп кунед натарсида

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!