Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:50

Тақвими бозиҳои ҷавонону наврасон тасдиқ шуд

24 июл 2013, 12:12

Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиёро байни мунтахаби наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) тасдиқ кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар натиҷаи қуръакашии Конфедератсияи футболи Осиё, ки моҳи апрели соли равон баргузор гардида буд, ба гуруҳи ”А” шомил шуда буд. Аз рӯи тақвими бозиҳо мунтахаби наврасони то 16 солаи тоҷик рӯзҳои 21-ум, 23-юм, 27-ум ва 29-уми сентябри соли равон дар Қувайт бо дастаҳои наврасони Ҳиндустон, Бутан, Қувайт (мизбон) ва Лубнон ба сабқат мебарояд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо Чикаши Сузуки, мутахассиси ҷопонӣ, роҳбарӣ мекунад.

Ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки ба гурӯҳи “D” шомил шуда буд, рӯзҳои 8-ум 10-ум ва 12-уми октябри соли ҷорӣ дар Теҳрон бо тимҳои ҷавонони Эрон (мизбон), Арабистони Саудӣ ва Лубнон мубориза мебарад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров роҳбарӣ мекунад.

Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё. Мунтахаби наврасон (U-16). Гуруҳи “А”

Даври 1-ум. 21-сентябр, шанбе

16.50 - ТОДҶИКИСТОН - Ҳиндустон

20.50 - Бутан - Лубнон

Даври 2-юм. 23-юми сентябр, душанбе

16.50 - Лубнон - Қувайт

20.50 - Бутан - ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм. 25-уми сентябр, чоршанбе

16.50 - Қувайт - Бутан

20.50 - Ҳиндустон - Лубнон

Даври 4-ум. 27-уми сентябр, ҷумъа

16.50 - Ҳиндустон - Бутан

20.50 - ТОҶИКИСТОН - Қувайт

Даври 5-ум. 29-уми сентябр, якшанбе

16.50 - Лубнон - ТОҶИКИСТОН

20.50 - Қувайт - Ҳиндустон

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё. Мунтахаби ҷавонон (U-19). Гуруҳи “D”

Дари 1-ум. 8-уми октябр, сешанбе

13.00 - Арабистони Саудӣ - Лубнон

16.30 - Эрон - ТОҶИКИСТОН

Даври 2-юм. 10-уми октябр, панҷшанбе

13.00 - ТОҶИКИСТОН – Арабистони Саудӣ

16.30 - Лубнон - Эрон

Даври 3-юм. 12 октябр, шанбе

13.00 - Лубнон - ТОҶИКИСТОН

16.30 - Эрон – Арабистони Саудӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!