Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

80 миллион доллар Леди Гагаро дар садри рейтинги ситораҳои ҷавон нишонд

24 июл 2013, 13:40

Маҷаллаи Forbes Леди Гагаро ситораи ҷавони гаронарзиштарин унвон кардааст.

Гага дар садри 10-гонаи ҳунармандон ва овозхонҳои зери 30 сола, ки аз моҳи июни соли 2012 то июни соли 2013 даромади зиёд доштаанд, мавқеъ гирифтааст.

Ба иттилои маҷалла даромади Леди Гага дар як соли ахир 80 миллион доллар будааст. Forbes менависад, имкон дошт, Гага аз ин бештар пул кор кунад, агар сил-силасафарҳояш бо номи The Born This Way Ball Tour-ро қатъ намекард. Далели идома наёфтани он лат хурдани пойи овозхон дар оғози соли равон буд.

Дар зинаи дуюми рӯйхати Forbes Ҷастин Бибер қарор дорад, ки даромади ӯ 58 миллион доллар гуфта мешавад. Ҷои сеюм бо 55 миллион доллар насиби Тейлор Свифт гаштааст.

Келвин Харрис бо 46 миллион долларов дар ҷои чор ва Рианна бо 43 миллион доллар дар зинаи панҷум қарор доранд.

Панҷгонаи баъдӣ насиби Кэти Перри, Адел, Ҷеннифер Лоуренс, Кристен Стюарт ва Тейлор Лотнер шудааст.

Авохири моҳи июн Forbes феҳристи чеҳраҳои таъсиргузори соли 2013-ро нашр карда буд, ки ҳамчунин дар мақоми аввали он Леди Гага қарор дошт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!