Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:09

Табиби Ҳаким Ҳазратқулов, гиторнавози марҳуми тоҷик, боздошт шуд

24 июл 2013, 13:53

Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон духтури Ҳаким Ҳазратқулов, гиторнавози маъруфи гуруҳи Паремро, ки ахиран даргузашт, бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт намудааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, боздоштшуда, Илҳом Носиров, дар симмати раҳбари шуъбаи эҳёгарии Марказии миллии тибби Тоҷикистон, дар мувофиқа бо зертобеинаш ба фасодкориҳо даст задааст.

Оҷонсӣ мегӯяд, 17-уми марти соли равон шаҳрванд Ҳаким Ҳазратқулов, ки гиторнавози гуруҳи маъруфи Парем будааст, зимни бозии футбол ҷароҳати мағзи сар мегирад ва ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол дода мешавад. Оқои Ҳазратқулов то рӯзи фавташ, яъне 29-уми апрели соли равон, дар ин шуъба қарор доштааст.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ташхису табобати беморон дар ин шуъба ройгон аст, аммо Илҳом Носиров аз вазъи ногувори Ҳазратқулов сӯиистифода намуда, аз падари нафақахӯраш Муродқул Ҳазратқулов пул мегирифтаанд. Ба иттилои Оҷонсӣ давоми 43 рӯзи табобат аз падари бемор дар ҳаҷми 10 ҳазору 470 сомонӣ ришва ситонда шудааст. Дар маҷмуъ Муродқул Ҳазратқулов зимни муолиҷаи писараш 104 ҳазор сомонӣ сарф кардааст, вале баъди оне, ки фарзандаш даргузаштааст, ӯ аз духтур Илҳом Носиров талаб кардааст, ки қисме аз маблағҳои гирифтаашро гардонад ва Носиров низ розӣ шудааст.

Масъулини Оҷонсии фасод мегӯянд, соати 11-и 16-уми июл, вақте Илҳом Носиров ду ҳазор сомониро ба падари марҳум бармегардондааст, аз ҷониби кормандони оҷонсӣ боздошт гардид. Айни ҳол алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!