Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Вазорат: Зайд Саидов ягон корхонаи саноатӣ надорад

24 июл 2013, 15:24

Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ва собиқ вазири саноати кишвар айни ҳол ягон корхонаи саноатӣ надорад.

Ин нуктаро Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе таъкид намуд.

Дар ҳоле, ки қаблан Оҷонсии мубориза бо фасод бо пахши иттилоия Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистонро, дар он муттаҳам намуд, ки бо истифода аз мансаби вазирияш дар соли 2006 аз Низомхон Ҷӯраев, соҳибкори он замон шинохтаи вилояти Суғд, корхонаи “Тоҷикатлас”- ро маҷбуран гирифта, бар ивазаш пуштибонии худро ваъда кардааст. Ба иттилои ин ниҳод Саидов “Тоҷикатлас”-ро ба номи яке аз пайвандонаш карда, баъдан онро ба шаҳрванди Эрон фурӯхтааст.

Аммо Пӯлод Муҳиддинов аз шарҳи қазияи марбут ба “Тоҷикатлас” худдорӣ карда, гуфт, иттилое дар бораи соҳибони он надорад. Ӯ ин гуна иттилоъро дар салоҳияти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ арзёбӣ намуд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!