Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:36

Ҳушдор аз зуҳури гуруҳҳои тақаллубкори заминфурӯш

24 июл 2013, 16:48

Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон аз пайдо шудани гуруҳҳо ва афроди алоҳидаи тақаллубкор, ки ба фиреби мардум сарукор мегиранд, ҳушдор медиҳад.

Фатҳулло Ҳурматов, раиси кумитаи заминсозии вилоят, зимни нишасти матбуотиаш гуфт, имсол чандин мавриди тақаллубкории нафароне ошкор шудааст, ки шаҳрвандонро бо баҳонаи мусоидат кардан дар ихтисоси қитъаи замин фиреб дода, бо гирифтани маблағашон ғайб мезананд. Вай ҳамчунин афзуд, мутахассисони кумита дар пайи санҷишҳои хизматӣ танҳо дар ду ноҳияи вилоят 236 қонуншикании вобаста ба заминро ошкор кардаанд. Ҳамчунин таҳти таъсири кумитаи заминсозии вилоят, 6 қарори ғайриқонунии раисони ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён ва Ҷомӣ ва 6 қарори раисони ҷамоатҳо дар навоҳии Шаҳритусу Панҷ бекор карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ дар мулоқот бо заминсозон гуфт, дар кишвар зери ҳимояи масъулони давлатӣ, гурӯҳҳои муташаккили хариду фурӯши ғайриқонунии замин созмон ёфтаанд.

Раисиҷумҳур аз ҷумла дар мулоқот бо заминсозон гуфт, баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, аз ваколатҳои мансабӣ берун баромада, бо қабули қарорҳои ғайриқонунӣ худсарона ба шаҳрвандон замин ҷудо кардаанд.Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони Кумитаи заминсозӣ даъват намуд, ки аз иҷрои супоришҳои ғайриқонунии раисони ҳукумат дар минтақаҳо саркашӣ кунанд: «Беҳтараш вазифаро холӣ кунеду қонунро вайрон насозед. Ин ҷавобгарӣ дорад. Дар пушти панҷара миёни чор девор, не раиса мебинед, не амакиатонро. Шумо мемонеду сари қоқатон.»

Тибқи иттилои Кумитаи заминсозии Тоҷикистон давоми шаш моҳи аввали соли равон дар кишвар беш аз 6 ҳазор нақзи қонунгузории замин сабт шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикри ман дар тамоми Чумхури замини назди хавлиги фурухта мешавад.
На танхо дар чанд район. Райсону кормандони кумитаи замин ва райсон чамоатхо бизнеси асосиашон заминфурушист. Конуну коунгузори дар ЧТ поймол гардида хатто ба назар мерасад, ки умуман дар и н чодда вучуд надорад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!