Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:02

Масдудияти 'К+' дар рӯзи намоиши суҳбат бо Зоиров

24 июл 2013, 17:23

Пахши барномаҳои телевизиони «К+» дар Тоҷикистон, боз қатъ гардидааст. Сокинони Душанбе дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ҳангоми пахши барномаҳои тоҷикӣ дар «К+», мавҷи ин шабака нопадид мегардад.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз бояд тавассути ин шабакаи телевизионӣ сӯҳбати Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешуд.

Раҳматилло Зоийров, дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки дар умум бо шабакаи «К+» дар Маскав оид ба панҷ масъала сӯҳбат кардааст: «Мавзуъҳои аслии барнома ин солгарди ҳаводиси Хоруғ, интихоботи президентӣ, имкони пешниҳоди номзади ягона, маҳдудиятҳо дар фаъолияти аҳзоби мухолиф - ҲНИТ ва ҲСДТ ва вазъи имрузаи кишвар буданд. Тибқи қарор имрӯз, яъне 24-уми июл, бояд барнома дар мавриди солгарди амалиёти низомии ҳукумат дар Хоруғ пахш мегардид, ки он ҷо ман ин амалиётро як терори давлатӣ арзёбӣ кардам.»

Раҳматилло Зойиров мегӯяд, ки ҳадаф аз сафараш ба Русия мулоқот бо муҳоҷирон буда, бо онҳо бештар атрофи аҳамияти ширкати онҳо дар раъйдиҳӣ сӯҳбат кардааст: «Пӯшида нест, ки қисми зиёди интихобкунандагон дар Русия ҳастанд. Бештар аз 1,5 миллион ин электорати кам нест ва онҳо барои интихоби раисҷумҳур ҳуқуқ доранд».

Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, ки дар баробари «К+» ҳамчунин бо чанде аз хабарнигорони Русия мулоқот анҷом додааст ва мӯҳтавои аслии суҳбатҳояш ин рӯз то рӯз аз байн рафтани эътимоди ҳукумат миёни мардум мебошад.

Масдудияти «К+», ки вақтҳои охир ба минбари мухолифини ашадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, табдил ёфтааст, қаблан ҳам сурат гирифта буд. Масъулини ин шабака бо пахши як изҳорот гуфтанд, мақомоти тоҷик бо нархи гарон дастгоҳҳои мавҷзананда харидорӣ карда, монеаи пахши барномаҳои «К+» мешаванд.

Аммо Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, дар қатъи дастрасӣ ба шабакаи “К+” (Қазоқистон), ки навори тӯйи писари раисиҷумҳур тариқи он пахш гардида буд, даст надоранд. Ӯ дар нишасти ахири матбуотияш гуфт, дастрасии сокинони Тоҷикистон ба барномаҳои ин телевизион тариқи моҳвора аз онҳо вобаста нест. Оқои Раҳмонов афзуд, барои қатъи дастрасӣ ба барномаҳои “К+” таҷҳизот зарур аст, ки онҳо чунин таҷҳизот надоранд ва аз ҷои дигар ҳам наовардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин як шармандагии ошкорои касдист, ки факат барои намоишхои точики тачхизоти зарури дар кораст вале дигар забонхоро бе тачхизоти зарури нишон медихад.......
МО ШАХРВАНДОНИ ТОЧИКИСТОН АЗ ЧУНИН ХУКУМАТДОРОНЕ, КИ ШУМОЕД ШАРМ МЕДОРЕМ!!!
Посух додан
  • Адолатпарвар

  • 24 июл 2013 18:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана демократияи точики ва озодии баён,ки дар Сарконун омадааст ва хукуматдорон худашон Сарконунро поймол мекунанд Боз як бори дигар маълум шуд,ки хукуматдорони мо аз чониби мардуми Точикистон, дастгири намеёбанд.Мардуми точик дигар ба ин хукумати фасодзадаю ришвахурону ноадолатон дигар бовари надорад ва нахохад дошт.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Это уже открытое признание властей о своём страхе, перед оппозицией. Если президент действительно такой которого показывают по местным ТВ, то он не должен боятся.
Однако он на корню не уверен не в себя, не в свое правительство. Он этим ограничением, еще раз наехал на Бадахшан.
Уже второй день во всех соцсетях говорили, что на выступлении Рахматилло Хамидовича обязательно тема Хорога затрагивается. Однако президент испугался, что Зойиров всю правду расскажет. Я обращаясь президенту хочу сказать:народ уже знает правду
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нашрияи Озодагон бояд боз як иқдоми дигар бигирад. Мо ба он таваҷҷӯҳ дорем, ки қариб пас аз ҳар маводи нашршуда ин ё он гуна шарҳ низ интишор мешавад. Дар FACEBOOK ва ОДНОКЛАССНИКИ пас аз ҳар як шарҳ калимаи like (маъқул) ва "класс" ҳаст. Агар инҷо ҳам ҳамин тавр мебуд, хеле хуб мешуд. Ман пешниҳод мекунам ки барои ин яке аз ин калимаҳо истифода шавад:"МАЪҚУЛ; ОЛӢ; ХЕЛЕ ХУБ." Мумкин муштариёни боз дигар вариантҳоро медонанд. Ин фақат тарҳи як пешниҳод аст.
Посух додан
  • Парвизи Сугди

  • 25 июл 2013 07:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Рахматилло Зоиров ин кадар худро азоб надихед чони нодон дар азоб гуфтаги гап аст сад даводави хам кунед хам мо сокинони точикистон ба шумо овоз намедихем барои он ки мо призиденти худро дуст медорем ва ба он овози худро метием бигзор Эмомали Рахмон призиденти мо бошад ва то охир бимонад
Посух додан
  • озод

  • 25 июл 2013 08:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чо К+ кор кардост. Вай медонад ки агар касе дар эфираш зидди Хукумати Рахмон харф гуяд, оиларо хуш намеояд. Бинобар ин сабт мекунад , ва хамин ки маблаги калонро гирифт мавчашро катъ мекунад. Барои ин миллатграоен фарк чи аст ки Рахмон чи мехохаду , кадом як Рахматилло чи мегуяд. К+пул кор кадост .
Посух додан
  • одил

  • 25 июл 2013 08:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввалаш аз ин шабакаи игвогрро тамошо карданата дар мохи шарифи рамазон худо бгу, ки оромиро Худованд ба мо насибу рузи бигардонад. Ин шабака ва ин Зоиров панчтанга арзиш надоранд. Зоиров агар бо акл мешуд бояд интизор мешуд, ки аз номи дигар хизбхоие, ки як номзад пешниход мекунанд бо маслихат киро пешниход кардан даркор. Ин худхох пеш аз Мухиддин Кабири ва дигар шахсиятхо худро номзади ягона элон карда намедона дар бораи чи гал зана. То аз Хоруг то ба Маскав то ба пеши Мангитихои авлодаш то худро авлодои Расули акрам (с) мегирад, мехостам фахмам, ки ин худхох намозояшро мехонда бошад. Ба фикрам барои мансаб шуда номусаша пешниход мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Да вы уже достали с этим Хорогом если честно. Криминальный город
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Р. Зоиров бехуда медави !!! Ай икадар харочоти барзиеда оилата гирифта бра да хорича даааааам биги, чунки тамоми точикон Мадонан ки точик нести на зохиран на ботинан ! Аз мо точико овозгирира мунтазирхам нашав!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон шарм доред!!!! Вактеки дар комен..., хукумата танкид мекунанд мегузоред!!! А мухолифинро бошад не!!!!! 2 руз аст ки коменхои маро нисбати мухолифин на мегузоред хоинони хукумат монед номатонро на озодагон!! Хайфи ин ном ба шумо!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чувонимаргут бикуша Парвиз Шодиеви Сугди! Аз номи худут бигу, аз номи дигарон чи хак дори гап бизани? Ба чанобат худут овоз бидех!
Сияпичамаргут бикша Одили куру кар! Муболигаву афсонахои ТВ-ои хукуматиятро худут бубин, ба К+ чи кор дори, арзиши худут як тангаи пуч хам несту ба нохуни пои Зойиров намераси!

Ба "МАХ" - то ту барин "Точик"-и беор будан бемиллат бошам сад бор бех! Ку хунар дори, ба як сухани Зойиров чавоби асосноку котеъона бидех бесаводи майдамиллат!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!