Бахшҳо

Шукронаро ҳам мо кунем, Шумо чӣ кор мекунед?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Тоҷикистон дар гирдоби вируси шукрона гирифтор аст. Ҳама ҷо шукронамания.

Аз президент то вазиру раис, овозхону мулло, журналисту савдогар таъкид мекунанд, ки бояд шукрона кунем. Раисиҷумҳур мегӯяд, «бояд шукронаи ватани маҳбуб» кард, дигарон мегӯянд, «бояд шукронаи Ҷаноби олӣ»-ро гуфт.

Ба ҳамин минвол ангезандаи ин вирус тамоми ҷомеаро фаро гирифта ва ҳамаро сироят кардааст. Ба монанди «Роғун»-у Ваҳдат, истиқлолият ва даҳҳо мавзӯи дигар шукронаро ҳам ба ҳадди ифрот расондаем. Ифрот як вожаи бисёр зеборо хор кардааст.

Суҳбатҳо, мавъизаҳо, баромадҳо ва ҳатто сурудҳоямон шукронаӣ шуданд… Ва бештари онҳо бо президент шукрона мекунанд. Ба ҳадде, ки овозхонҳо дар таронаҳояшон «шукрона мекунам ман бар аҳди сарвари хеш» мехонанд. Бархеи дигар аз онҳо сухани худро бо ҷумлаи «шукронаи Ҷаноби олӣ» оғоз мекунанд.

Вируси шукрона ҳатто “рӯйхати сиёҳ”-и ТВ-ҳоро шикаста, таронаи Шабнаму Фарзона ва модарашон Сурайёро ба эфир баровард. Суруди онҳоро чандин сол аст, ки дар “Шабакаи аввал” ва “Сафина” қариб намебинем, аммо суруди “Шукрона”-ашон ба эфири дуюмӣ роҳ ёфт. Дуруст, ки худи онҳоро намоиш надоданд, танҳо суруд ва наворҳои табиати Тоҷикистон манзур гардид.

Таронаҳои шукрона дар гузашта ҳам буданд, аммо он вақт, ки вируси шукрона паҳн нашуда буд, маҳбуб, хостанӣ ва шуниданӣ боқӣ мондаанд. Барои мисол, суруди Нуқра Раҳматова, ки “шукри обу хок, шому субҳи атрноки Тоҷкистони азиз”-ро мегӯяд. Формати телевизионҳои давлатӣ ҳам гӯиё шукрона бошад. Бештари онҳое, ки тариқи оинаи нилгуни мо суҳбат мекунанд, ҳатман яке аз ҷумлаҳояшон «шукронаи Ҷаноби олӣ» ё «шукронаи истиқлолият» аст.

Шукрона калимаест, ки ҳар фарди мусалмон огоҳу ноогоҳ, боихтиёру беихтиёр онро ба забон меоварад. Хеч ҳоҷате ба ёдрас кардани он набуд ва нест. Гузашта аз ин хеч одами бофаросат ва боақл орзуи барҳам задани субот ва оромиро дар сар надорад. Пас, чӣ зарурат аст, ки ҳар замон бигӯем, ки «шукронаи субот кунед, шукронаи оромӣ кунед»? Инсони бошуур новобаста аз таъкидҳо ҳамеша шукрона мегӯяд. Аз ин хотир ба гӯшзад кардани ҳарлаҳзаии ин калима ниёзе нест.

Вируси шукрона баъди он паҳн шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ гуфт, шукронаи тинҷиву ободӣ ва ватан кунед. Ва ин ҳарфҳоро телевизиони Тоҷикистон қабл аз ҳар бахши иттилоотии «Ахбор» мешунавонад.

Ҳама мегӯянд, ки бояд шукрона кард, «шукронаи Ҷаноби олӣ», «шукронаи истиқлолият», «шукронаи ободӣ», шукронаи... Аммо ҳеч нафар нагуфта, ки шукронаи ҷони мардикоронро намоед, ки сабаби зиндагии нисбатан осудаи мардуми кишваранд. Шукрона бояд кард, ки маҳз бо заҳмати онҳо хонаводаҳояшон пул меёбанд… Ҳама мегӯянд, ки бояд «шукронаи ин неъматҳо (?)»-ро кард. Кадом неъматҳо дар назаранд? Ҳудуди ним соли бебарқӣ дар асри 21 ё манбаи аслии об будану аз беобӣ танқисӣ кашиданро мешавад неъматҳо гуфт?

Бо шукронаи соҳибистиқлолӣ кардан оё мешавад шикамҳоро сер ва Тоҷикистонро обод сохт? Бо шукрона гуфтан ватан рушд мекунад? Касе ҳам намегӯяд, ки бо «шукронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол» гуфтан, коррупсия аз байн намеравад, роҳҳои пулакӣ ройгон намешаванд, дар маҳбасҳо зиндониён ба таври мармуз намефавтанд…

20 сол аст, шукрона мекунем. Тайи ин бист сол тафовут танҳо ҳамин аст, ки 20-сола будему 40 сола шудем. На соҳиби замин на соҳиби хона. Худо накунад, ки бо шукронагӯӣ чунин нимгуруснаву бе замину бе хона 60-сола шавем. Ҳатто гоҳо ташвиш мекашем, ки агар яксолаҳои ҳамин мансабдорон бистсола шаванд, яқинан ба мо ғайр аз шукронагӯӣ чизе боқӣ нахоҳад монд.

Аммо шигифтӣ инҷост, онҳое, ки ба мо шукронагӯӣ ташвиқ мекунанд, ҳатто гоҳҳо маҷбур низ менамоянд, ки шукрона кунем, чаро худ шукрона намекунанд? Онҳое, ки моро аз солҳои нооромӣ метарсонанд, чаро ҳолати иҷтимоии 20 сол қабли худро пеши назар намеоранд? Чаро қасрҳои имрӯзии худро бо кулбаҳои дирӯзаашон муқоиса намекунанд? Охир Шумо, ки аз ҳеч соҳиби ҳама чиз шудед, гумон доред, ки мо ҳам тағйир хӯрдаем? На! Валлоҳ, ки мо ҳамон тавре, ки будем ҳамонем, баръакс он замон барқу газ доштем. Имрӯз якеро аслан фаромӯш кардему дигареро ним сол мебинем ним соли дигар аз дур, яъне дар хонаи мансабдорон! Манзур ҳеч баҳонае барои шукронагӯӣ (ба истиснои шукр ба Худо) надорем!

Хулоса, онҳое, ки заминҳоро гирифтед, мансабҳоро гирифтед, имконияту шонсҳоро гирифтед, корхонаву коргоҳҳо, фурӯшгоҳҳу бозорҳоро гирифтед, «шукрона»-ро низ худатон гиред! Моро ба ҳоли худ гузоред!
Мӯҳр
Э бас кунеде журналист шида ягон мавзуй нагзтарда кор карда натавонисти!!!!! Маоши худатам 40% бардоран шукронаи сармухарирта мекни чи ика бехуда сухан меги!!!

Ал хак!! Як чахон ташакур!!! мешудастку!? Шукрона кунед, ки кумитаи андоз хавои атмосфериро андозбанди накарда,набошад 7 млн мухочират мерафт.

Абдуллох
Абдулазиз мебахшед, шумо аз Худо наметарсед,номусатон азобатон намедихад шуморо, ман ба чои шумо мешудам аз хамин касабаам даст мекашидам хайфи шумо барин журналист бо ин хел мавзуъхо ретингатон баланд намешавад.
Шукри неъмат неъматат афзун кунад
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Худобехабари накун нони халол хур, тафрикаандози накун дар байни мардум.Дар ин солхое ки гуфти журналисти хуб мебуди Худованд туро хам насиби хама чи мекард.

Шукрона факат ба Аллох дуруст мебошад хато ба Паембар дуруст нест, бисер маколаи хикматомез ба хама маълумаст мардум чи хол доранд хонае нест ки мухочир надошта бошад давлати мо дар сатхи бисер пасти офшориву бе маданияти карор дорад бо як олими барчастае дар москва хамсухбат шудам профессори клиникаи мед академияи москва точик гуфтам ба ватан бар намегардед аз чашмонаш об рехт гуфт кадом ватан ватане ки шароити оди нест ватане ки ояндаро бо ин гуна рохбарон намебинем ватане ки 11 мох дар хоричем як мох дар он боз свет нест газ нест шароити оди нест кош олимон босаводон чавонони бо номус бо савод такдири ин ватанро ба ухда гирифта ин вируси шахсиятпарастиро аз байн мебурданд ва ба илм таракиет саноат обруи этибор сиесати чахони ру меоварданд озодагон бо эхтироми зиед мухлиси шумо озод бошед чоп кунед...

Хайрандеш
Хеле бамаврид ва ба дарачаи оли кайд кардед, Абдулазизи Восеъ. Шояд дарди дили на кам аз 6 млн. нафарро гуфта бошед.

л
Шукрона кунед, ки хамин сайт хаст. Шукрона кунед ки ба хамин сайт даромада сухбат мекунед. Агар ЧО сулх намекард, ин сайт вучуд намедошт. Барои хамин шукронаи ЧО кунед.

Шукри АЛЛОХ
Хар миллате ба чуз Худои таборак ва таъоло ба каси дигар шукргузори кунад, Худованд хору залил ва дарбадараш мегардонад. Чуноне ки имруз чиновникхои хукумати моро ин тавр кардааст ва дар назди кишвархои дигар бечораашон кардааст. Хар сафар мебини ки мисли чугихо хурчинхо дар даст аз кишвархои хоричи металбанд ва мегуянд агар ба мо кумак накунед вазъ бад аст, вале хамин ки кумак омад аввалин касе ки онро сохиб мешавад мансабдор аст ва бечорахои камбагалон пушта дар. Шукри Худоро ба чо оред то аз мушкилот рахо ёбед. Чаноби олиатон барои худ хеч коре карда наметавонад, чи расад ба ин ки барои шумо коре кунед.

МОЛОДЕЦ ОЗОДАГОН! БО ИН КОРИ ХУКУМАТДОРОН ЧИ ХУУБ БОШАДУ ЧИ БАД МО БОЯД АЗ ХУДОВАНД ШУКР ГУЗОР БОШЕМ ВА АЗ У ДУО КУНЕМ КИ ХУДОВАНД ХУКУМАТДОРОРА ИМОНИ КОМИЛ ДИХАДУ АЗ РУИ ИНСОФ ДАР ВАЗИФАИ ИШГОЛ НАМУДААШОН КОРУ ФАЪОЛИЯТ КУНАНД.

ОЗОДАГОН ЯК ЧИЗИ ДИГАРАША НИЗ ФАРОМУШ КАРДЕД КУДАКОРА НИЗ ДАР ТЕЛЕВИЗОР МАЧБУР МЕКУКНАНД, КИ ИН СУХАНХОРО ГУЯНД.

Комил
Нигоштахо то андозае дуруст аст, чун на танхо бо шуронахо балки амалан мансабдорон тибки гуфтаашон амали кунанд. Вале вокеан хам бояд ба кадри ин тинчию осудаги расид, чунки як давлати чанг агар хамин вахдати комил намебуд мисли Афгонистону Покистон мешудем. Дустони азиз биёед бо хуби андешем, пушида нест, ки фасодию беадолати вучуд дорад, ин на танхо дар кишвари мо дар тамоми чахон ин чиз хаст. Чаро мо ба кадри тинчию оромии мамлакат нарасем, чаро шукронаи ин механу сарзаминро накунем. Чунин маколахо буданаш хам зарур аст, чун кишвари мо давлати демократи ва хукукбунёд аст, аммо на бояд ба он дода шавем... Дуруст аст, ки мардуми мо бештарашон камбизоатанд ва манбаи даромади асосиашон аз чихати мардикорон аст, лекин агар ин оромихо набошад, чи гуна метавонем осуда зиндаги кунем. Дар Либия мардумаш аз макомот шикваю шикоят кардан, оё медонед ки дар ун кишвар сокинонаш чи кадар имтиёзхо доштанд? Агар надонед пас сомонахоро кобед, меёбед.... Холо сокнинони Либия хело хам пушаймонанд, ки ба кадри он замон нарасиданд, холо бошад дар он чо нооромист... Мол марудм чунинем, ки ба кадрим имрузи худ намерасем. Мегуянд, ки "Там где нас нет, там и хорошо" бояд мо имрузи худро созем, на бо андешахои "НЕГОТИВ"-и, балки "ПОЗЕТИВ"-и... Ман сад дар сад шукронахо мегуям, ки дар Точикистони мо сулху вахдат пойдор аст!!!!!

20 сол пеш ман фарзандор шудам .2 гоник -яке духтар номаш Шукрона ва дигари писсар номаш Шукрулло. Шукр, ки холо хардуяшон дар руссия мухочиранд. Аз инру ман холохам шукрона карда гашта истодаам. Аз инру ба шумохам тавсия медихам, ки яке фарзандор ва ё наберадор шудед хатман номи яке аз онхоро Шукрулло ва ё Шукрона номед. Ин амал бе хикмат нест. Зеро танхо онхо метавонанд дар оянда таърихи ин милату давлатдории 20 соларо ба наслхои минбаъда фахмонанд.

гуломак
аммо, бародарон талаффузи шукрона хад дорад. Такрор такрор ба забон наоред, ки дар ин вожа харфи "к" эркаву нозбу аст, мабодо "хурда" шавад. Киссаи Иблис бо гусфандбонро медонед: "Шайтон гусфандбонеро дар кухсор танхо дида мехохад "вербевка" кунадаш. аммо гусфандбон ба у гардан намедоду пайваста шукронаи зиндаги мекард. Як вакте, ки кариб шайтон маглубиятро эхсос карда ноумед мешуд, ки як фикру дар у - лаъин пайдо шуду ба ун мард гуфт, шарт мекунем, ки иродае надори ки 1000 маротиба шукрона гуйи, зеро ин муддат аз рох мебарорамат. Шарт бастанду бечора гусфандбон чашмонашро кок пушида бо суръат тезгуяк мекард. Шукрона шукрона... Як вакт дар забонаш харфи "г" часпиду шукраш ба шугр табдил ёфт ва Шайтон аз у гурехт рафт суйи маконаш. Медонед барои чи? ба ёди Шайтон тифли навзодаш расид, ки Шугр ном дошт

Абдулазиз рост мега. Мо шукри Худо мекунем. Дигар шукрхоро Гул Шерали, Хукумов, Чамолиддину ахли байташон кунанд. Мо шукри чиро кунем? Шукри он ки солхо гарибем, мардикори мекунем? Шукри он ки солхо аз зану фарзанд дурему дар чанозаи падару модар нестем? Шукри он ки бачахои раисо аз пули мардум(фасодкори) чипсавориву гонка кунанд? Шукри чиро?

МО ХАЛКИ ТОЧИК ВА ТОЧИКИСТОНРО БА ФИКРАМ МАЧБУР КАРДАНИАНД, КИ ШУКР ГУЕМ.! ХАЙР ЧИ ШУКР МЕКУНЕМ КИ ХАМИН ХЕЛ САРВАРОНУ РОХБАРОНИ ТАМБАЛИ ДУЗД ДОРЕМ......

МО ШУКРИ ДАВЛАТИ РУСИЯРО МЕКУНЕМ ВА АЛИМАРДОНОВ, ШУКР КУНАД, КИ ХАМАИ ЗАМИНХОИ ДАШТУ КУХХОИ ХИСОРУ ШАХРИНАВРО ХАРИДА БУД ВА АБДУЧАББОР РАХМОНОВ ШУКР КУНАД, КИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ТОЧИКИСТОНРО ХАРОБ КАРДА УНВОНИ АКАДЕМИ ХАРИД.

Фаррух
Абдуллох,
Номаъкул карди,ки мо шукронаи чунин зиндагии паст кунем,номаъкул карди,ки шукронаи ноадолативу дуздии ин мансабдорон кунем!Мо гусфанд нестем,ки шукрона гуфта шинем!Мо хакку хукуки худро талаб дорем на зиёд.Ба чузъ дуздону харомхурони ин хукумати магз магзаш фасодзада дигар касе шукрогаи на чанобашро мекунаду на хукуматро.Ман ба як чиз хайронам.Барои чи иваз шудани президент албатта ба чанг бояд биёрад?Магар дар Руссияву мамлакахои аврупо ва дунё президентхо иваз мешаванд,албатта чанг бояд шавад?Аз ин мебарояд хозира хукуматдорон хеч вакт бо сулху бо хохиши мардум хукуматро намедиханду худ тарафдори чанганд.Вагарна интихоби шафоф гузаронида дар холати маглубшави бе чангу чидол хукуматро месупурданд

мухочир
Офарин ба Абдулазиз! Сад офарин!
Ман хам рози ба гуфтаи шумо. Ман шукронаи худоро мекунам ва хамаи мардуми мо шукри худоро мекунанд, ки ба онхо тану акли солим додаасту рузияшонро дар русия карор додааст. Вале ин мансабдорон чаро шукрона намекунанд, ки рузияшонро ана хамин мо мухочиро таъмин кадестем. Хатто чаноби олитонам бояд шукронаи мо мухочироноо кунад, ки пулхоямонро ба ватан равон мекунему аз хисоби мехнати чонкохамон налог месупорему хукуматдорон маош мегиранд. Дар асл ин мансабдорон аз араки пешонии мо ва бо пуле ки хатто ба кимати чони мо ба даст меояд зиндаги доранд.
Пас ки бояд шукронаи киро кунад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)