Human Rights First: Амрико чархболҳои Русияро нахарад
Human Rights First, як созмони дифоъ аз ҳуқуқ аз Конгресси ИМА тақозо кардааст, аз харидории чархболҳои «Ми-17»-и Русия даст бикашад.
Дар як гузориш ин созмон аз Конгресс хостааст, тарҳи мазкурро то замоне қатъ кунад, ки Русия аз ирсоли аслиҳаи навъи С-300 ба Сурия даст накашад ва ҳамкориро бо режими Башор Асад қатъ накунад. Дар ин бора Ҷулиан Барнс дар торнамои «The Wall Street Journal» навиштааст.
Сония Эфрон, корманди пешини Департаменти давлатии Амрико, ки ҳоло дар Human Rights First кор мекунад, гуфтааст, ИМА дар як ҳолати аҷиб қарор дорад. «Аслиҳаро барои артиши Афғонистон аз кишваре мехарад, ки режими Асадро бо силоҳ таъмин мекунад. Дар ҳоле, ки Амрико ба ҷонибдорони ин режим кӯмак мерасонад».
Қаблан, низ як гуруҳ аз сенаторҳои амрикоӣ пешниҳод карда буданд, ки Амрико бояд бо ширкати «Рособоронэкспортом»-и Русия ҳамкориро қатъ намояд.
Аммо аз сӯи дигар коршиносон мегӯянд, таъмини артиши Афғонистон бо чархболҳои Русия муфид аст, чун халабонҳои афғон бо идораи онҳо хеле хуб ошно ҳастанд.
Ахиран, расонаҳои ғарбӣ навиштанд, ки Пентагон қасд дорад, то охири соли 2016 барои неруҳои ҳавоии Афғонистон 86 чархболи навъи Ми-17-и сохти Русияро бихарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |