Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:58

Забони давлатӣ 22 сола шуд; ду соли охир дар санаи нав таҷлил мешавад

21 июл 2011, 05:13

Кишвари зери итоати СССР- Тоҷикистони Шӯравӣ барои ҳимояи марзу бум ва сарват талош надошт. Забони худро аз ҳама сарват гаронтар медонист…



Барои давлати абарқудрати СССР солҳои ҳаштодуми асри 20 охирин солҳои қудратмандӣ маҳсуб мешавад. Он замон зимоми идораи 15 давлати дӯсту бародарро Михаил Горбачёв бар даст дошт.  Наздикии солҳои 90-ум аллакай аз СССР-и абарқудрат бӯи ҷудоӣ меомад. Ҳар кишвар барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии худ талош мекард, аммо Тоҷикистони Шӯравӣ барои ҳимояи марзу бум ва сарват кӯшиш накарда, забони худро аз ҳама сарватҳо болотар шумурд. Дар он солҳо дар кишвари мо баҳси ба даст овардани забон мерафт. Як гурӯҳ аз ҷавонони худогоҳ ва як идда равшанфикрони тоҷик аз ҷумлаи Муҳаммадҷон Шакурӣ, Мирбобои Мирраҳим, Акбари Турсун, Муъмин Қаноат Лоиқ Шералӣ иддаои қабули қонуни забони тоҷикиро доштанд. Бо ҷидду ҷаҳд ва кӯшишу талошҳои зиёд ахиран парлумони вақт 22-юми июли соли 1989 «Қонуни забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасвиб намуд. Ҳамзамон, Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қарор қабул кард, ки ҳамасола 22 июл ҳамчун Рӯзе забон таҷлил карда шавад. Маҳз дар ин марҳала забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кард. Баъди қабул шудани қонуни забон корҳои давлатдорӣ аз ҷумла корҳои ҳуҷҷатгузорӣ аз забони русӣ ба тоҷикӣ гузашт. То замони қабул гардидани тарҳи қонуни забони тоҷикӣ корҳои ҳуҷҷатгузорӣ пурра бо шакли русӣ амалӣ мешуд. Баъди чандин солҳо аз алифбои тоҷики 4 ҳарфи русӣ- «ы, ь, щ, ц» ҳазф шуда, забоншиносони тоҷик шакли тоҷикии бисёре аз калимаҳои русии серистеъмолро пешниҳод карданд.
Инак, 22 сол мешавад, ки забони тоҷикӣ аз асорати забони русӣ озод гардид.

Рӯзи забони давлатӣ акнун дар рӯзи мавлуди президент таҷлил мешавад
Ҳамасола дар авҷи гармии фасли тобистон, 22 июл аз «Рӯзи забони давлатӣ» ҷашн мегирифтанд. Аммо аз соли 2009 ба ин сӯ ин санаи хотирмон ҷояшро иваз  кард.  Акнун ин рӯзро мавсими ҳосилғундорӣ, 5-уми октябр, замони ҳосилғундорӣ   таҷлил мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки ин сана ҳамчунин рӯзе тавваллуди райисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст.
Назару андешаҳои сокинон дар робита ба тағири санаи «Рӯзи забон» мухталиф аст. Толибҷон Ишонқулов, ронанда аз шаҳри Душанбе мегӯяд, пас аз қабули «қонуни забон» аз замони Шӯравӣ то имрӯз тағироти зиёдро мушоҳида кардааст:

-Дар бештари маврид санадҳои зарурӣ аз қабили шаҳодатнома, шиноснома ё дигар ҳуҷҷатҳо бо забони тоҷикӣ дода мешаванд, ки ин хуб аст. Аммо вобаста ба тағир ёфтани рӯзи ҷашн як каме мушкилӣ ҳаст, зеро на ҳама дарк карда метавонад, ки чаро ин рӯзро ба дигар сана гузаронданд.
Толибҷон мегӯяд, ба 5-уми октябр, яъне рӯзи мавлуди Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ омадани Рӯзи забон фоли нек аст. «Аксар маврид мансабдорони давлатӣ ва бархе аз кормандони сатҳи давлатӣ дар иҷрои риояи меъёри забони тоҷикӣ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Аммо ба хотири сарвари давлат барои дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани Рӯзи забон талош хоҳанд кард», афзуд номбурда.
Айваз Бобомуродов, донишҷӯи донишгоҳи миллии Тоҷикистон тағири рӯзи забонро навгоние медонад.

-Ин санаро ман чун навгонӣ қабул кардам, зеро қисме аз сокинони кишвар дар фасли тобистон машғули кишту кор буда, аз ин рӯз бехабар мемонданд. Иштирокчиёни фаъоли ин ҷашн хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯён аз сабаби дар таътил будан наметавонистанд, якҷо ин санаи таърихиро таҷлил намоянд. Аммо, инак ин мушкилӣ бартараф шуд.
Маҳмуди Аҳмад{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!