Бахшҳо
25 июл 2013 12:05Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Почтаи тоҷик”: Дар Зафарободу Истаравшан нашрияҳои узбакӣ мехонанд

Мақомоти “Почтаи тоҷик” дар вилояти Суғд гуфтанд, бештар сокинони навоҳии Истаравшану Зафаробод нашрияҳои узбакӣ мехонанд, ки аз роҳи ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шудаанд.

Абдуманнон Юсуфов, раҳбари минтақаии “Почтаи тоҷик”, гуфт, ин нашрияҳо бештар дар бораи хонавода ва зебоӣ суҳбат карда, бӯе аз сиёсат ва таблиғоти Узбакистон надоранд. “Мо таҳлил кардем, ки, дар ҳақиқат, нашрияи “Даракчи”-и Узбакистон дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Истаравшан ғайриқонунӣ фурӯхта мешавад. “Даракчи” ба монанди рӯзномаи “Оила”-и худамон аст. Омӯзишҳо нишон дод, ки рӯзномаҳои сиёсии кишварҳои ҳамсоя дар мо фурӯхта намешаванд”,-афзуд ӯ.

Аммо оқои Юсуфов нагуфт, ки оё нафаре барои паҳн ва фурӯши ғайриқонунии нашрияҳои узбакӣ муҷозот шудааст, ё не. Дар гузашта теъдоди зиёди нашрияҳои узбакӣ дастраси сокинони Тоҷикистон мешуданд ва фурӯшашон низ озод буд. Аммо дар пайи танқидҳои матбуоти маҳаллӣ мақомот аз тавзеи нашрияҳои узбакӣ даст бардоштанд.

Абдуманнон Юсуфов мегӯяд, ҳоло пеши роҳи ворид шудани нашрияҳои хориҷиро гирифтан хеле мушкил шудааст. Чун ба гуфтаи ӯ, нашрияҳо на аз тариқи “Почтаи тоҷик”, балки тавассути афроди алоҳида вориди Тоҷикистон мешаванд: “Мардум ба хориҷа мераванду аз дигар ҷойҳо рӯзномаву маҷаллаҳоро гирифта меоянд ва мефурӯшанд.”

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Юсуфов, обунашавии сокинони Суғд ба нашрияҳои кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Русия, тариқи “Почтаи тоҷик” назар ба соли гузашта 70 дарсад камтар шудааст. “Барои он ки “Почтаи Русия” саривақт рӯзномаҳоро дастрас намекунад”,-илова кард раиси минтақаии “Почтаи тоҷик” дар Суғд.
Мӯҳр
ин дар хакикат рост аст, ман худам аз нохияи зафаробод мешам

Хуб мекунанд ки рузномахои узбаки мехонанд, чун дар рузномахои точики хеч чизе нест. Агар маколахои "Чархи гардун", "Оила", "Ману ту" -ву боз чанд нашрияи таблиггари фиску фасодро аз аввал хисоб кунем, тамоми Точикистон фохишаву нодухтару занбозу бевабоз аст. Хонед, бо узбакиву русиву англисиву дигар забонхо! Чун забони аксари кулли газетахои точики то андозае харом гардида, то андозае "кучаги" гардида, ки аз точик таваллуд шудани худ шарм хохед кард!!!

дуруст қайд кардед бародар ман ба хеч маъқул не да мачалахои Точикистон Мухаббат ва Мухаббат ва Оила мо чи мегирем аз хамин мачала набарот фикру андешахои мардум фасод мекунад!

Салмон, шумо мегуед, ки аз оилаву ману ту ки ба гуфти шумо таблигари фиску фасоданд мардум чи мегиранд? Аммо ман шахсан чанд рузномаи узбекиро хондам, бовар кунед онхо аз мо бадтар менависанду бехтар не. Расонахои зарди узбеки чизхоеро менависанд, ки агар мо точикон онро нависем.... Аммо бештари расонахои узбеки аз рогуни мо маводи танкиди менависанд, ки гуё агар рогунро созем, осиё беоб мемонад ва чанд гапхои носахехи дигар. Акнун гуед, ки мардуми мо аз хондани матолиби расонахои узбеки чи мегиранд. Мехохед ман ба шумо бигуям:
1. Забони давлатии хешро агар ба хамин минвол рафтан гирад, фаромуш мекунанд.
2, Хох нохох вакте дар бораи чизе бад гуфтан гиранд дар назари инсон он чи бад метобад ва шумо хуб медонед, ки расонахои узбеки чи кадара мо точикнро "дуст медоранд".
Ва ахиран хисси бегонаги ба миллат дар дили онхо чуш мезанад. Чаро дар узбекистон кариб ки бо забони точики гуфтугуро манъ кардаанд. Зеро агар худо накунад шахсе дар кучаю бозор бо забони точики гап занад, уро чосуси Тчмкмстон мегуянд.
Ва баъди ин хама шумо боз газетахои узбеки хондан гиред то замоне, ки аз онхо "дустии башардустона" бубинед.

Истаравшан
Дар Истаравшан умуман газтахои моли Узбекистон фурухта намешавад! Ин дуруг аст. Ман 4-5 сол пеш Тасвир ва Даракчи ро мехондам аммо холо нест. илтимос агар касе донад аз кучо мегиранд ба ман низ даст рас кунед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)