Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

Баҳси журналистикаи сиёсӣ дар Душанбе (НАВШУДА)

25 июл 2013, 12:43

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, дар ҳоли ҳозир расонаҳо аробаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро мекашанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон расонаҳои фаъол надоранд ва ин вазифаро матбуот ба иҷро мерасонад.

Рашид Ғанӣ Абдулло,
таҳлилгари тоҷик, ки дар ҳамоиши "Масоили ташакулли журналистикаи сиёсии Тоҷикистони мустақил" рӯзи панҷшанбеи 25-уми июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “ҳоло ба ҷуз Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон аҳзоби дигари сиёсӣ, ВАО-и худро надорад ва агар дошта бошад, ҳам фаъол нест.”

Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бар ин андеша аст, ки ғайр аз журналистикаи озод, бояд журналистикаи дигаре вуҷуд надошта бошад: “Ман пурра зид ҳастам, ки ғайр аз рӯзномаи озод, ки на давлатӣ аст, на опазитсионӣ ва на ҳизбӣ, рӯзномаи дигаре вуҷуд дошта бошад. Бигзор танҳо ҷамъиятӣ бошанд. Ин аст, ки мо то имрӯз дар ҳизби худ рӯзнома таъсис надодаем.”

Дар ин ҳамоиш, ки масоили ташакулли журналистикаи сиёсии Тоҷикистони мустақил баҳс мешуданд, Раҷаби Мирзо, журналист ва раҳбари созмони тадқиқотии “Бозтоб” гуфт, журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Аммо ба гуфтаи ӯ, “аз замони пайдоиши аввалин рӯзномаҳо фишор болои журналистикаи сиёсӣ ҷой дорад. Мушкили дигари журналистикаи сиёсии мо дар ин аст, ки бархе аз журналистони мо дар бораи сиёсат менависанду аз сиёсат хабар надоранд. Махсусан дар байни журналистони ҷавон, ки ҳатто номи ҳизбҳои сиёсиро намедонанд ва роҳбарони онро намешиносанд. Дар бисёре аз факултаҳои журналитикаи ҷаҳон кафедраҳо тақсимбандӣ шудаанд, мутаассифона дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин нест ва ҳанӯзам факулта бо қолаби шахшудаи замони шӯравӣ тақсимбандӣ шудааст.”

Хилватшоҳи Маҳмуд, мудири гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” дар баромади худ афзуд, журналистикаи сиёсӣ ба унвони як ҷузъи муҳими журналистика имрӯз таъсири чашмгире дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инсонӣ дорад: “Моҳиятан журналистикаи сиёсӣ ин самти фаъолият ва ё қисмати амалкардҳои васоити ахбори омма аст, ки ба инъикоси амалкардҳои ҳокимияти иҷроия, шохаҳои дигари ҳокимият низоми сиёсӣ, масъалаҳои давлатдорӣ ва иҷрои уҳдадориҳои ҳукумат, ки пеши мардум дорад, сари кор мегирад. Агар мушаххастар суҳбат кунем, тақрибан тамоми расонаҳо ба фаъолияти журналистии сиёсӣ даст мезананд аммо намешавад гуфт, ки онҳо фаъолияти сиёсии журналистӣ дорад. Журналистикаи сиёсӣ як фаъолияти журналистии ҳадафмандона, мушаххас ва моҳитнок аст.”

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳам таъкид кард, ки худи журналистика аз сиёсат берун шуда наметавонад: “Яъне ғайр аз журналистикаи сиёсӣ журналистика вуҷуд надорад ва журналистикаи сиёсӣ ҳама вақт вуҷуд дорад. То замоне равандҳои сиёсӣ вуҷуд дорад, журналистикаи сиёсӣ ҳам вуҷуд дорад. Агар равандҳои сиёсӣ барҳам хуранд, журналистикаи сиёсӣ низ барҳам мехурад. Агар дар ҷомеа сиёсати оммавӣ инкишоф наёфта бошад, журналистикаи сиёсӣ дар ин ҷомеа ҷойи худро гирифта наметавонад. Дар ҳақиқат журналистикаи сиёсӣ вуҷуд дорад ва заиф ҳам нест балки шакл наёфтааст. Шаклгирӣ накардааст. Яъне дар ягон шакли чаҳорчӯбаи қонун шакл ёфтанаш даркор аст.”

Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш иштирок дошт, гуфт, сиёсатро сиёсатмадорон ба вуҷуд меоранд, “аммо журналистон дар раванди он саҳм доранд. ”

Ин дар ҳолест, ки профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, вақте, ки журналистика қудрати чорум аст ва худашро баробари се қудрати қонунӣ медонад ва баъзан худашро аз он болотар баровардан мехоҳад вай худаш сиёсатро ба вуҷуд меорад: “Журналистикаи имрӯзаи интернетӣ фикрро аз як хонаи майда ба тамоми дунё паҳн карда истодааст ин худ сиёсат аст. Барои ҳамин гумон кардан, ки журналист ва журналистика чун силоҳ асту сиёсатдонҳо аз он истифода мебаранд ин фикри ғалат аст. Журналист худ пеш аз ҳама сиёсатмадор аст. Журналистоне, ки адабиёт не, публисистика менависанд, онҳо сиёсатмадоранд. Аксарияти онҳое, ки ба ҳизбҳо меоянд аз нуқтаи назари сиёсатмадорӣ кор мекунад ва бисёри онҳое, ки ба сиёсат расидаанд, онҳо аз журналистика баромадаанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раджаби Мирзо! "бархе аз журналистони мо дар бораи сиёсат менависанду аз сиёсат хабар надоранд. Ҳатто номи ҳизбҳоро намедонанд.”...ин чй гуфтанй гап ха? Бовар кунед шумо хам мисли хукуматихо мегуед.... О ягон кас агар дар бораи мавзуи сиёсие менависад чй зарурат аст ки номи хизбхоро бидонад? Ку мантик?...Масалан Хизби аграрй...уро чй бидонй ва чй надонй...ё Хизби демократи расвои Шумо....Раджаб дигар мардумиятатро гум кардай
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рачаб хам аъзои ХХДТ аст. У сирф барои хукумат як соли ахир кор мекунадЖурналист,
Журналист,
Посух додан
  • Рузноманигор

  • 25 июл 2013 17:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рачаби Мирзо аз вакташ паллаи тарозуро нигох мекард ва баъд фикру андешаи худашро баён мекард.
Рузноманигори бехтарин, адолатпарвару часуру хакгуи Точикистон,дар айни хол Додочони Атовулло мебошад. Додочони Атовуллоро бояд ба мукофоти чоизаи Нобели пешниход карда шавад.
Посух додан
  • пайкон

  • 25 июл 2013 18:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Махсусан дар байни журналистони ҷавон, ки ҳатто номи ҳизбҳои сиёсиро намедонанд ва роҳбарони онро намешиносанд.
ин суханхоро аз дахони шумо фахмида хело фикр кардам ки Рачаби Мирзо набояд чунин мегуфт э шумо хам ахзои фаъоли ХХДТ-а рост гуфтед хак ба чониби шумо
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайфи хамин Рачаби дуруя .О ин бародара ман дар Корвон шинохтам. Хамрох бо кормандони андоз ва хукумат бозора тафтиш карда пули калон гирифт. Хохед касм мехурам. Баъд боз амакбачааш ё бародарашро оварда ин чо котиби матбуотии бозор монд. Хеле хилагар аст. Фоидаша аз зарарша медонад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба исми бархе журналистон ва "лжепатриот"-хову дуругиндемократхои фиребгаржурналист менигараму бозори Корвону сухтори он, назорати он, тафтиш ва баъдан сухангуи он чо таъин шудани бародари яке аз журналистхо, ки аз журанлистика миллион километр дур аст, пеши назарам меояд. Хайф, хайфи ин демократия ва хизбу кизбу дуруг!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАН МУМКИН, КИ НАВИШТАЧОТИ БОЛОРО ХУБ НАФАХМИДА БОШАМ ЛЕКИН МАН ГУФТАНИ ХАСТАМ, КИ КАСБИ ЖУРНАЛИСТИ БОЯД ХИЗБ НАДОШТА БОШАД ВА ДАР ЯГОН ХИЗБ ХАМ НАБОШАНД ВА ТАНХО ХАКИКАТРО БАЁН КУНАНД.
Посух додан
  • Ошно

  • 26 июл 2013 10:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додочонро хам хамон соли омаданаш агар як се хонаги дар военный городок медоданд, имруз раиси ИЖТ буд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хак ба чониби Р. Мирзо!!! Ахсан аввал сиесатро омузанд баъд вориди он шаванд. Фикрхои бештарашон (журн) аз фикри кудаки е гайбати кампири беш нест!!!!

пайкон,
Албата албата шумо хакикатро гуфтет бояд ба у чоиза дод лекин Нобели неву... чунки аз хама бисер ва бемавриду бемаъни мелакад!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!