Бахшҳо
26 июл 2013 08:46Тоҷикистон / Иқтисодӣ / Акс

Раиси Норак: “Окно”-ро водор кардем, ки андоз супорад (АКС)

Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Норак, мегӯяд, пас аз талошҳои зиёд ахиран тавонистаанд масъулини системаи наззораи кайҳонии “Окно”-ро водор намоянд, ки ба буҷаи маҳаллӣ андоз пардохт кунанд.

Раиси Норак, зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди “Окно”, ки айни ҳол дар ихтиёри Русия қарор дорад, гуфт, “пеш андоз намесупориданд, аммо мо исбот кардем, ки бояд супоранд. Ҳоло аллакай зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ пардохт кардаанд. Ва дар маҷмуъ муносибаташон бо мо бениҳоят нағз аст.” Раиси шаҳри Норак таъкид намуд, ки бисёре аз масоили марбут ба фаъолияти “Окно” махфӣ асту ҳамаашро гуфта наметавонад.

Маҷмааи «Окно» дар баландии 2 ҳазору 216 метр аз сатҳи баҳр 9 километр дуртар аз шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Соли 2004 он дар асоси қарордоди муштарак ба ихтиёри Русия вогузор гардид. Он замон қарор буд, ки Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ивази ин маҷмаа то 5 сол 2 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад ва дар баробари ин, ҷониби Русия ҳамон вақт барои ин маҷмаа қарзҳои қобили мулоҳизаи Тоҷикистонро тамдид намуд. Ин маҷмаа метавонад вазъи фазои кайҳониро ба таври дақиқу фаврӣ шурӯъ аз 2 ҳазор километр то 4 ҳазор километр инъикос намояд ва яке аз нодиртаринҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.


Раиси Норак: “Окно”-ро водор кардем, ки андоз супорад (АКС)

Раиси Норак: “Окно”-ро водор кардем, ки андоз супорад (АКС)

Раиси Норак: “Окно”-ро водор кардем, ки андоз супорад (АКС)

Раиси Норак: “Окно”-ро водор кардем, ки андоз супорад (АКС)

Раиси Норак: “Окно”-ро водор кардем, ки андоз супорад (АКС)

Раиси Норак: “Окно”-ро водор кардем, ки андоз супорад (АКС)

Раиси Норак: “Окно”-ро водор кардем, ки андоз супорад (АКС)
Мӯҳр
“пеш андоз намесупориданд, аммо мо исбот кардем, ки бояд супоранд. Ҳоло аллакай зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ пардохт кардаанд. мегуяд Хамид Абдуллоев.
ХАМИД АБДУЛЛОЕВ ДИГАР ДАР КОР НЕСТ ИН ИСБОТХОИ БАРДУРУГИ ШУМО ТУЛИ БИСТ СОЛ ШУД, КИ МО МЕДОНЕМ БЕ ПУЛ ФАЪОЛИЯТ МЕКАРДАНД ВА ЯГОН КАПЕК НАМЕСУПОРИДАНД ГАЙРИ ЯК СОМОНИ ДАР СОЛ. АЗ КОРУ ФАЪОЛИЯТИ ПАСТИ ХУКУМАТДОРОНИ ТОЧИКИСТОНИ МО ТОЧИКИСТОН ЗИЁДА АЗ ЧАНДИН МИЛЛИАРД ДОЛАР ЗИЁН ДИД. ДАВЛАТИ РУСИЯ ТУЛИ БИСТ СОЛ БА МАБЛАГИ ПАНЧСАД МИЛЛИОН ДОЛАР ХАМА СОЛА БА ДАВЛАТИ ОЗОРБОЧОН МЕСУПОРИД БАРОИ СТАНЦИЯИ ХАРБИЯШ ВА БА КАЗОКИСТОН БАРОИ БАЙКАНУР ИНЧУНИН ВА БАРОИ ТОЧИКИСТОН ЧИ ОН ДАВЛАТХО СОХИБ ДОШТАНД ВА ТОЧИКИСТОНИ МО ЧИ?.
МО ХАМ ИНРО МЕДОНЕМ, КИ ВАКТИ ИНТИХОБОТ ОМАДА ИСТОДААСТ.
Ва шумо гуфтед, ки то хол намесупориданд барои чи, барои чи?

ЧИЗЕ, КИ ТУ ДАР ИНЧО АХБОРОТ ДОДАИ ХАМАГИ ДУРУГАНД МАН ДАР ИН БОРА КОР МЕКАРДАМ ВА МАН МЕДОНАМ МУХТАРАМ ХАМИД АБДУЛЛОЕВ,.
ДУРУГ ДУРУГ ДУРУГ...

комил
Точикистон як иншооти бузурги харби дошт, ва бо тангаи пучак ба манфиати руссия фурухта шуд. е вое! вой.

Рохгузар
Раиси шаҳри Норак таъкид намуд, ки бисёре аз масоили марбут ба фаъолияти “Окно” махфӣ асту ҳамаашро гуфта наметавонад.
Шояд яке аз он фаъолияти махфии "Окно" масдуд кардани пахши барномахои К+ бошад? Ва шояд мн корро хамчун андоз анчом медихад? Яъне маблаги хизматашонро пули андоз хисоб мекунанд. Е ягон объекти дигари русхо ин корро анчом медихаду пули корашонро ба сифати андоз хисоб мекунанд, яъне взоиморасчет...

"Раиси шаҳри Норак таъкид намуд, ки бисёре аз масоили марбут ба фаъолияти "окно" махфӣ асту ҳамаашро гуфта наметавонад". Аз ин гуфтаҳои раиси шаҳри Норак харро ханда мегирад, бузро атса. Низомиёни рус онқадар аҳмақ нестанд, ки аз "масоили махфии "окно" раиси шаҳр ё каси дигарро огоҳ кунанд. Ин "огоҳӣ" барои каси дигар даркор ҳам нест. Аминам, раиси шаҳр танҳо роҳро ба сӯи "окно" медонад!

Дуввум инки, аз даст додани қисмҳои ҳарбии мустақар дар Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ бузургтарин нокомӣ ва фориғболии ҳукумат ва раҳбарони ноӯҳдабаро ва ҷанҷолии вақт (он замон) буд. Агар ҳамин тавр намешуд дивизияи 201 ҳоло моли Тоҷикистон мебуду русҳо барои тамдиди он ба 49 соли нангин инқадар пофишорӣ намекарданд. Дуруст тахмин меравад ки Парвардигор ба сойири миллатҳо ақлу зиракӣ додаасту ба тоҷикон як чӯби дароз барои кофтани к...ни якдигар. Саволест ки "Чаро Аллоҳу Таоло ин тавр кардааст?" Ҳатто пас аз бист соли ба ном "истиқлолият" мо нисбат ба худ кинаву адоват эҳсос мекунему ба сӯи якдигар санги маломат меандозем. Худоё, МӮСОЯТРО равон бикун, то моро аз ин ҷаҳолат берун кунад........

Манучер
Шарм накарда боз мегуяд ки то хол андоз намесупорид

ЧАМШЕДИ АЗИЗ БАРОДАР ИН СУХАНЕ, КИ ТУ НАВИШТИ ОДАМИ БО НОМУСРО БА МАРГ МЕОРАД.
ЧОНИ СУХАНРО НАВИШТИ.....

Rustam Rustamov,

Бародари азиз Рустам, шумо бовар доред, ки одамони (тоҷикони) бо нангу номус ҳануз ҳам боқӣ мондаанд? Саволест, мулоҳизаро металабад. Ба назари банда, агар бошанд ҳам, ангӯштшуморанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)