Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:19

Тағоева дар бораи муҳоҷирзанҳо, талоқ ва фоҳишаҳои тоҷик

26 июл 2013, 09:30

Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи занони Тоҷикистон мегӯяд, ба ин ниҳод на танҳо занон, балки мардони тоҷик низ муроҷиат мекунанд.

Тағоева, имрӯз, 25-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар шашмоҳаи аввали соли равон ба ин ниҳод 152 нафар хаттӣ ва 199 нафар шифоҳӣ муроҷиат намудаанд, ки аз инҳо 14 нафарашон мардон мебошанд. Ба гуфтаи Тағоева аз миёни мардон якеаш аз болои хушдоман шикоят кардааст, ки ба ӯ фишори равонӣ меорад: "Якеашро занаш латту кӯб намудааст. Дигаре барои маблағ. Дар маҷмуъ аксари мардон барои моҷарои оилавӣ муроҷиат кардаанд."

Ӯ афзуд, ки дар маҷмуъ аз ин шикоятҳо 47 нафарашон мушкили ҳуқуқӣ, 32 нафар мушкили молӣ, 31 нафарашон барои тақсими хона, 6 нафар барои никоҳи бекоршуда, 13 нафар барои мушкили додгоҳӣ, 7 нафар барои ҷои кор ва 2 нафар барои вазъи саломатӣ муроҷиат кардаанд.

Афзоиши муҳоҷират ва фавти 38 муҳоҷирзани тоҷик

Тағоева инчунин иброз дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон 551 ҳазору 209 нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон 81 ҳазору 737 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Теъдоди муҳоҷирзанони тоҷик дар нимсола 30 ҳазор афзоиш ёфтааст. Ба иттилои Кумитаи занон давоми шаш моҳ 38 зани тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ фавтидаанд.

Афзоиши талоқ


Тағоева мегӯяд, афзоиши муҳоҷират боиси зиёд гардидани азҳампошии оилаҳо шудааст. Ба иттилои ӯ дар шашмоҳаи аввали соли равон 4 ҳазору 107 талоқ сабт шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 81 ҳолат зиёд мебошад.

Сабти 1597 фоҳиша дар Тоҷикистон

Кумитаи занони Тоҷикистон мегӯяд, тайи шашмоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 1597 нафар фоҳиша, ки ба танфурӯшӣ машғул будаанд, сабт шудаанд. Ба иттиллои ин ниҳод теъдоди фоҳишаҳо тайи нимсола нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248 нафар афзоиш ёфтааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Домулло

  • 26 июл 2013 11:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хамин хел хукумати бесалохият бощад ,кисми зиёди занхо ба мухочират мераванду ва кисми дигарашон ба фохишаги ру меорад ва чинояткор мешаванд. Сабаби хамаи ин амалхои номатлуб ва шармгин,ин бекории занон мебошад. Эй чанобон ва хукуматдорон,дар муддати 20соли хукмрониатон, мардхоро ку бо чои кор таъмин карда натавонистед ва дар оянда хам маълум аст,ки наметавонед, акалан хамин занхоро бо чои кор таъмин кунед. Охир онхо модар хастанд,ё фаромуш кардед,ки модар кист?
Посух додан
  • Кипиани

  • 17 сентябр 2014 08:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шарм намедоранд мардон хама дар мардикори,занон хама дар кори хочаги!Шарматон бод сахронишинон!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!