Ирсоли номаи изтирорӣ ба ҳамаи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон
Муасиссаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо ирсоли як номаи изтирорӣ ба ҳамаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои кишвар аз хатарҳои эҳтимолӣ дар пайи гармшавии бесобиқаи ҳаво дар авохири моҳи равон ҳушдор додааст.
Маҳмад Сафаров, директори Муасиссаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳавои гарми бесобиқа аз шимоли Африқо ба Тоҷикистон ворид мешавад: “Мо ба тамоми вазорату кумитаҳо ва ба шаҳру ноҳияҳо мактуб фиристодем, ки дар рӯзҳои охири моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон гармшавии ҳаво ба 46-48 дараҷа мерасад. Дар ин рӯзҳо бояд мардум безарурат аз хонаҳояшон набароянд, зеро барои нафароне, ки вазъи солимиашон ба иқлим вобастагии зиёд дорад, хатарзо аст. Ҳаракати автомашинаҳои боркаши калонҳаҷмро дар роҳҳои мумфарш шуда қатъ бояд кард. Сарзадани сухтор, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, хатари тармафароӣ дар баландии 4000-4500 метр аз эҳтимол дур нест. Дар чунин ҳолатҳо бояд ҳамаи вазорату кумитаҳои дахлдор омода бошанд.”
Тибқи иттилои Муасисаи обуҳавошиносӣ аз 27-ум то 31-уми июли соли равон дар Тоҷикистон ҳавои сӯзон дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 41-46 дараҷа, вилояти Суғд то 43 дараҷа, ноҳияҳои тобеи марказ то 38-43 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ба 35-40 дараҷа мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |