Тоҷикистон барои тоҷикони муқими Қирғизистон танҳо 55 квота ҷудо кард
Аз сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба “Озодагон” хабар доданд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба тоҷикони муқими Қирғизистон барои таҳсили соли 2013-2014 55 квота ҷудо кардааст.
“Квотаҳо ба шаҳрвандони Қирғизистон имконият медиҳад, маълумоти олиро дар риштаи тиб, геология, кашф намудани нефту газ, технологияи информатсионӣ, иқтисод, таъминоти электрикӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ ва инчунин фанҳои гуманитарию амалӣ бигиранд”,-афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, квотаҳо ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи технологӣ, Донишгоҳи техникӣ, Донишгоҳи аграрӣ, Донишкадаи давлатии санъат, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Донишкадаи Хуҷанд, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Эмоми Аъзам ва колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд пешниҳод шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |