Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:38

Умедалиева барои бозбинии парвандаи собиқ вазири тоҷик ба раисиҷумҳур муроҷиат мекунад

26 июл 2013, 10:56

Тоқтайим Умедалиева, ҳуқуқшиноси қирғиз мегӯяд, дар мавриди парвандаи Равшан Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон расман ба Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури ин кишвар муроҷиат мекунад.

Ин ҳуқушиноси қирғиз ва вакили мудофеи Равшан Собиров, ки зимни нишасти хабарие дар ин бора ҳарф мезад, гуфт: “Ман расман ба Атамбоев муроҷиат мекунам, то дар робита ба парвандаи Собиров тафтишот гузаронида шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷои Равшан Собиров бояд, одамони мофияи байналмилалӣ, ки ба фарзандхонӣ машғуланд, муҷозот шаванд: “Чаро боре раисиҷумҳури Қирғизистон Шӯрои низомии қирғизро даъват намуда, ин масъаларо бо онҳо баррасӣ намекунад. Наход ҳукумати қирғиз дар назди мафия ин қадар нотавон бошад.

Токатайм Умедалиева бо зикри ин нукта, ки ҳанӯз бар ин бовар аст, раиси ҷамъияти тоҷиктаборони Қирғизистонро раҳо мекунанд, афзуд, додрасҳое, ки ҳукми судии Равшан Собировро хондаанд, бояд ба маҳкама кашида шаванд.

Умедалиева мегӯяд, додрасҳои қирғиз дар мурофиаҳои додгоҳии шахси зерҳимояаш ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, ки ҳатто инро вакилони парлумони Қирғизистон эътироф кардаанд: “Намояндагони мардумии Қирғизистон ба ҳарфҳои мо гуш дода, иқрор карданд, ки додрасҳо қонуншиканӣ кардаанд. Маро ба мурофиа роҳ надоданд, бо ин баҳона, ки иҷозатномаи вакили дифоӣ надорам. Албатта, ин дуруст аст, вале ман вакили мудофеи расмии Собиров мебошам ва ҳаққи иштирок дар мурофиаро доштам. Қонуншикании дигар, ин ба мурофиа роҳ надодани худи Равшан Собиров мебошад.”

Равшан Собиров ба он айбдор шудааст, ки дар замони вазири рушди иҷтимоии ин кишвар буданаш гӯиё ба ришвахӯрӣ даст задааст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардида буд, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дода буд.

Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфта буд. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рохгузар

  • 26 июл 2013 17:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зинда боши, хонум Умедалиева! Ин расми инсонист ва шахсоне мисли Шумо бо ин гуна амалхояшон исбот мекунанд, ки одамгари чист ва чи гуна бояд бошад! Ман бародарона дасти Шуморо мебусам!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БИСЁР ХАНДАОВАР БАЪД ЧИ ГУЁ КИРГИЗИСТОН РОССИЯ БОШАД, КИ ПРЕЗИДЕНТАШ АЗ ЧУНИН ПАРВАНДА ОГОХИ НАДОШТА БОШАД)))))) РЖУ НЕ МОГУ)))))))))))))))))))) И ЧТО ОН 100% ЗНАЕТ ЧТО К ЧЕМУ.... ПРОСТО УЗБЕКИ ЗДЕСЬ ХОРОШО ПОРАБОТАЛИ....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!