Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:32

Баҳси додгоҳии ду маҳбуси муттаҳам ба дуруғгӯӣ ба таъхир гузошта шуд

26 июл 2013, 11:14

Субҳи имрӯз, 26-уми июл раисикунандаи парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду шоҳиди марги Ҳамза Икромзода, ки дар СИЗО-и Хуҷанд пушти дарҳои баста сурат гирифт, эълон кардааст, баррасии парванда то 30-юми июл ба таъхир гузошта мешавад.

Сабаби таъхири мурофиа иваз шудани айбдоркунандаи давлатӣ будааст. Ахиран, додгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор кард, ки Нусратулло Рухсатуллоев, додситони назоратии зиндонҳо наметавонад ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев иштирок кунад.

Зимнан, айбдоркунандаи нав аз судя хостааст, барои ошноӣ бо парвандаҳо мурофиа ба таъхир гузошта шавад.

Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев ба «Озодагон» гуфт, онҳо низ дар навбати худ аз судя хоҳиш кардаанд, мурофиаи навбатӣ дар бинои додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд баргузор шавад.

Тошев ва Ризоев, ки тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд, барои пахши ахбори дурӯғин муттаҳам мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!