Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:51

Ҳукумати Душанбе мегӯяд, нисбати “Душанбе плаза” эроде надоранд

26 июл 2013, 12:32

Хайруллоев Насрулло, муовини аввали Маҳмадсаид Убайдуллев, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, дар нишасти матбуотӣ гуфт, нисбати бунёди бинои 20 ошёнаи “Душанбе плаза” ягон эроде надоранд.

Хайруллоев зимни нишаст гуфт, ҳукумати Душанбе танҳо фармоишгар аст ва камбудиҳое, ки дар “Душанбе плаза” ошкор шудаанд, мушкили миёни пудратчӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ аст ва он ба шаҳрдорӣ дахл надорад. Хайруллоев таъкид кард, ки камбудиҳои молиявӣ на танҳо “Душанбе плаза”, балки дар дигар иншооти бунёднамудаи “Тоҷсохтмон байналмилал” ошкор шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ширкати “Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал”, ки мансуб ба Зайд Саидов аст, ба буҷаи давлат ба маблағи 38 миллион сомонӣ зарар расонидааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, ширкати мазкур дар тасарруф, изофанависӣ, рӯйпушкунии андоз дар солҳои 2009-2013 айбдор дониста мешавад: “Тоҷсохтмон Байналмиллал” барои иншооти “Душанбе плаза” 184,8 миллион сомонӣ масраф карда, бо истифода аз роҳи барзиёд нишон додани арзиши маҳсулоти сохтмонӣ 11,9 миллион сомониро аз худ кардааст.

Инчунин, ширкати мазкур дар иншооти «Сохтмони Душанбе Плаза» аз ҳисоби зиёд нишон додани нарх ва истифодаи масолеҳи пастсифати сохтмонӣ ба буҷаи шаҳри Душанбе ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ хисорот ворид кардааст.
Бар асоси гузориши Оҷонси зидди фасод, дар маҷмуъ ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” дар давоми се соли фаъолияти худ 38 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат хисорот овардааст, ки аз ин нишондод 19, 6 миллион сомонӣ аз ҳисоби пинҳон доштани андози давлатию иҷтимоӣ, 13, 3 миллион аз роҳи изофанависӣ дар сохтмонҳои биноҳои давлатӣ ва 5,6 миллион сомонӣ аз роҳи зиёд нишондиҳии хароҷоти музди кор ва ба 2025 сомонӣ аз ҳисоби дигар камбудиҳои молиявӣ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • abu

  • 26 июл 2013 18:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Андешаи сархатиби н.Исфара нисбати Додоҷон Атовуллоев, омода намудаанд: http://video.yandex.ru/users/smitohn/view/2/
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хеч фахмидам ин театри оинаро: вакти ифтитохи хамин бино раиси шахр дар хузури президент пеш аз мухлат супорида шудани онро таъкиду таъриф кард, имруз бошад, хамаи ин фаромуш шуду, кахрамон ба иллат табдил ёфт. Бархак, ин як коммедияи точики аст.
Посух додан
  • hisor

  • 27 июл 2013 02:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in zaidai kiyai nafsash kalon budai ku. fakat milion meforidastushe. pulhoi giriftagita bte javobt metan badi 35 sol.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!