Бахшҳо
26 июл 2013 13:05Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ифтитоҳи ду парвандаи ҷиноӣ алайҳи хушдоманҳои келинозор

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ду ҳолати ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи хушдоманҳо барои озори келинашон сабт шудааст.

Шуҳрат Мирзоаҳмадов, ҳуқуқшиноси ин ниҳод, имрӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, як парванда дар вилояти Хатлон буд, ки аз рӯи он аллакай ҳукми суд баромад ва хушдоман барои ба худкушӣ расондани келин 4 соли зиндон гирифт: “Аммо аз сабаби он, ки маҳкумшуда модари пиронсоли муҳтоҷ ба нигоҳубин дошт, татбиқи ҷазо ба таъхир гузошта шудааст.”

Ба гуфтаи Мирзоаҳмадов парвандаи дигар айни ҳол аз тарафи мақомоти додситонии шаҳри Истаравшан мавриди тафтиш қарор дорад: “Ин ҷо низ хушдоман барои ба худкушӣ расондани келин гунаҳкор карда мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон барои расондан ба худкушӣ нисбати 26 нафар парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Мӯҳр
Илохо хушдомани маро ба хабси абади махкум кунанд. Вой доди хушдоман! Аз чаноби оли хохиш мекунам, ки барои хушдоманхо зиндони алохидаеро чудо намояд ва мо келинхо ба онхо "хизмат" кунем, чунон хизмате кунем, ки дузахро дар зинда буданашон эхсос кунанд!

Али Сугди
Дар Истаравшан кумитаи кор бо занон ва оила кор намекунад барои он ки сарвари ин кумита ба души як одаме ки дар сини агар хато накунам 55 сола АСТ ва ягон маротиба оиладор нашудааст ин одам оилаш чи будагиро намефахмад ин фикри камина АСТ рахмат барои чоп

Салом дустон ба назари ман ҳамаи "хушдоманҳо"модароне ҳастанд, ки фарзандоне доранд беҳтар мешуд як расми модар мемонданд дуввум ин кор барои ба шур овардани баъзе "келинҳо" бисёр як дастаки тоҷикӣ аст. Нависандаи гироми камтар аз ҳоли хонаводаҳои атрофи худат аввал огоҳ мешуди баъд модарони МЕҲРАБОН ро бо чунин расм аз қадру қиматашон кам мекарди. Ҳастанд модароне, ки бардошти нозу нузи "келиҳои" ЭРКАРО надоранд ҳақ ҳам дранд, вале вақте як модар мехоҳад келин ё писароашро роҳ ишон диҳад "КЕЛИНҲО" бар акс мефаҳман ва худро ба худкушӣ мезананд. Дар ҳоле ки бад аз чанд лаҳза ба ҳолати авалаш бармегардад агар дар ҳамон ҳолат бигуи, ки ту дигар бо "хушдоманат" намести агар мурда бошад ҷон мегирад...........ХОҲИШАН парвандаҳоро дуруст нигаранд бетар мешуд ГУНАҲГОРИ АСОСИРО ПАЙДО КАРД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)