Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:49

Раиси Шӯрои уламо гуфт, бархе ходимони масҷид номи Худоро намедонанд

27 июл 2013, 09:42

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз паст будани фарҳанги динии бархе аз ходимони масоҷиди кишвар нигаронӣ кард.

Абдулқодирзода рӯзи 26-уми июл қабл аз адои намози ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт: ”Бародаре ба ман гуфт, аз корманди масҷиде, ки панҷ вақт намозашро бо ҷамоат адо мекунад, пурсидааст, номи Худо чист? Ӯ посух дода, ки “Муҳаммад”, баъди чанд лаҳза фикр кардан гуфтааст, на, на, “Иброҳим” (Ба Худованд паноҳ мебарем).

Раиси Шӯрои уламои кишвар ҳарчанд аз ин корманди масҷид ном набурд, вале таъкид кард, ки ин фард бо вуҷуди ходими масҷид буданаш, ҳатто номи Худовандро намедонистааст.

Ҳамчунин, Абдулқодирзода дар ин суханронӣ бори дигар аз намозгузорони кишвар хоҳиш намуд, то ҷиҳати интихоби як нафар, ки раванди сохтмони бомпӯши саҳни масҷиди марказиро раҳбарӣ кунад, кӯмак кунанд. «Ҳадди аққал як соҳибкоре бошад, ки ин сохтмонро пешбарӣ кунад мешавад»,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта низ раиси Шӯрои уламои кишвар борҳо ба намозгузорон муроҷиат карда, гуфта буд: “ниёз ба як комиссия аз берун дорем (комиссияе, ки масъулони масҷиди марказӣ ва Шӯрои уламо шомили он набошанд), то сарфу хароҷоти ин сохтмонро таҳти назорат бигирад”.

Ҳар ҳафта ҳазорон сокини Душанбе барои адои намози ҷумъа ба масҷиди марказии пойтахт меоянд. Ин масҷид ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо ҳимояти қозиёти вақт бунёд ёфтааст. Як идда аз мусалмонҳо бо далели дар дохил набудани ҷой дар саҳни масҷид, ки болопуш надорад, намоз мегузоранд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • малик

  • 27 июл 2013 13:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман нафахмидум хами Саидмукарама муллохи босавода аз кор озод кард мачитошона махкам кард.бо аз бесаводии муллохои худуш таъин кардаги менола.
Посух додан
  • Нур

  • 27 июл 2013 19:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайдмукарам метарса бгуяд ки масчидро турачонзодахо сохтан сайдмукарам аз турачонзодахо аз худашон не аз номашон метарсад. Боз аз он рузе ки ин нафар муфтии точикистон шуд хама муллохои босавода аз минбар берун кард ва бесаводхоро чо кард ачиб инчо ки имруз боз худаш аз ин муллохои бесаводи худаш мондаги шикоят мекунад.
Посух додан
  • насим

  • 27 июл 2013 19:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародаре ба ман гуфт, аз корманди масҷиде, ки панҷ вақт намозашро бо ҷамоат адо мекунад, пурсидааст, номи Худо чист? Ӯ посух дода, ки “Муҳаммад.БА ИН ХАМА ШУМО ГУНАХКОРЕД УЛАМО! КУДАКОРА МАСЧИТ РАФТАНИ НАМОНЕД АЗ КУЧО НОМИ ХУДОРО МЕДОНАД! БОЗ ШАРМ НАМЕДОРЕД
Посух додан
  • огои Булбул

  • 27 июл 2013 19:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин са.мукарам акнун мачбур аст аз давлати исломии эрону покистон мулохои саводнок биерад ба мисли як амакписарашро ки нав овард у хам бояд хамаи мулохои масочидро иваз кунад аз авлоди худаш бояд монад прездинт устоди уст у бояд мисли устодаш амал намояд.
Посух додан
  • tojik

  • 29 июл 2013 00:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
dar maktabho darsi islomi darsi kur'onro ijozat bten oxi xalka ta'lim tiyanki xudovu payombaronro shinosand.chi xel musalmoned shumo?ba xudo kasam ba prizedentamon hamin peshnihodro gued natarsed ijozat metiyand onho.
Посух додан
  • Абдулло

  • 16 август 2013 18:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
малик,
рост гуфти.

рост гуфти
Посух додан
  • xolid

  • 7 январ 2014 14:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
masjidhoro maxkam mekunadu, boz meguyad ki in xodimi masjid nomi xudoro namedonad. tu ki nomi xudoro medonisti, masjidi xudoro maxkam kardi. hamun xoimeki nomi xudoro namedonad, hazor martaba az tu dar nazdi xudovand behtar ast.
Посух додан
  • яхуди аз Исроил

  • 17 март 2014 15:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
саволи ман ба хамаи одамоне ки коментария додаанд.
ки дар хами дунё мисли Пайгомбарон ва пайгомбари ислом Мухаммад (С) ва яке аз ёронаш хазрати Умар, ки мусулмони хакики буданд ва одамони хакики буданд рафтанд? Ки хазрати Умар шох буд, мисли одами одди мезист.
Кадом мусалмони хозира мисли онохо рафтор мекунад?
озодагон хами савола бурда расон PLEASE......................

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!