Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба миллат боз чӣ хизмат карда метавонад?

Ёқуби Саид, рӯзноманигор

Бидуни шубҳа, президенти кунунии Тоҷикистон барои ин кишвар хидмат карда аст. Ҳам мухолифон ва ҳам мувофиқон бар хизматҳои ҷаноби президент қоил ҳастанд. Агарчи ҷаноби президент адои вазифа кардааст, аммо инро баъзеҳо ҳамчун хизмат қабул кардаанд. Бигзор чунин бошад. Ҳоҷат ба номбар кардани хизматҳои президент нест.

Хидмати президент дар марҳалаи кунунӣ ин аст, ки ба интихоби мардум арҷ бигзорад. Таъмини 100 дарсадии шаффофияти интихоботи президентиро таъмин намояд. Ва агар мардум нафари дигареро ба роҳбарии кишвар пазируфт, ҷаноби Раҳмон зимоми кишварро ба нафаре, ки аз ҷониби мардум интихоб шудааст, бисупорад. Ин хизмате хоҳад буд, ки то абад дар хотираи мардуми тоҷик маҳфуз мемонад.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ

Беҳтарин хизмате, ки Эмомалӣ Раҳмон барои миллат метавонад анҷом диҳад ин аст, ки пурра ба истеъфо равад. Имконияте ҳаст, ки ба ҷои вай дигар одам биояду имкониятҳояшро истифода кунад. Яъне президенти имрӯза алакай қобилияти худро пурра истифода кардааст.

Бобоҷони Қаюм, раиси шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ

Хизмати дигаре, ки президент метавонад дар ҳамин марҳилаи то интихобот анҷом диҳад, ин ба вуҷуд овардани ҳамгароӣ ва рақобати солим байни неруҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат мебошад. Яъне дар ин марҳила президент аз роҳбарии ҲХДТ истеъфо диҳад ва амалан ҳамаи неруҳои сиёсиро дар ҳукумати худ ҷалб намояд. Фазои сиёсии ҷомеаи мо баъди расидан ва сулҳ дар ҳоли ҳозир ниёз ба як раванди ҳамгароӣ дорад, ки президент метавонад бо ин кор ҳамин равандро оғоз намояд.

Хизмати дигари президент метавонад ин бошад, ки дар интихоботи оянда аз як номзади ҷавон ва тавоно ҳимоят кунад ва кишвару ҷомеаро аз зери бори маломатҳои интихоботҳои ғайри шаффоф, ҳукумати авторитарӣ ва ғайра берун барад. Ба назари ман бо ин хизматҳо президент метавонад, ҳатто ба символи минтақа табдил ёбад ва аксарияти мушкилоти кишвари мо бо ин роҳ ҳалли худро меёбанд.

Бахтиёр Сатторӣ, фаъоли ҳуқуқи башари муқими Маскав

Дар оғози истиқлолияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кам кор накард. Ҳоло низ ӯ ба унвони шахси аввали кишвар метавонад барои эҳтироми воқеӣ ба конститутсия довталабона ба истеъфо равад. Бо ин амал тамоми раисони ҷумҳури наслҳои ояндаи кишвар, ки болотарин мақомро доранд, ба дунболи пайгирии қавонин хоҳанд буд.

Амир Қарақулов, раиси ҲАТ

Он кас боз метавонанд бисёр хизматҳои шоистае барои миллат анҷом диҳанд. Дар вохуриҳое, ки дар минтақаҳои мамлакат гузаронидаанд, дар бораи нақшаҳо бисёр хубу равшан ва неку аён сӯҳбат кардаанд. Мардум ҳам ба хубӣ инро дарк, қабул ва эътироф карданду эътимод пайдо карданд. Ман боварӣ дорам, ки боз хизмати шоиста барои миллату ватани худ мекунанд.

Усмон Солеҳ, раиси шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ

Корҳои бисёре ҳаст, ки метавонад анҷом диҳад, минҷумла кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ки акнун 38 фоиз асту дар 7 соли пешомад ин барнома комилан ҷомаи амал мепӯшад. Ғайр аз ин боз дар мавриди бунёди иншоотҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ метавонад иқдом намояд. Бояд дар ҳудуди 300 ҳазор ҷои нави корӣ таъсис дода шавад ва дар сурати шароити мусоид фароҳам омадан ва ризояти Бонки ҷаҳонӣ сохтмони Роғун навбати якумаш ақаллан ба анҷом расонида мешавад.

Дар сиёсати байналхалқӣ ҳам бо ташаббусҳои раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати Тоҷикистон боз дар арсаи ҷаҳонӣ баландтар мешаваду мустаҳкам мегардад. Имсол дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Тоҷикистон як форуми калони байналхалқӣ баргузор мешавад. Мо дар барномаи пеш аз интихоботии номзади ҳизби худ нақшаҳои зиёде дорем, ки ман боварӣ дорам амалӣ мегардаду сатҳу сифати зиндагии мардум ҳам боло меравад.

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия

Беҳтарин хизмате, ки болои хизматҳои дигараш Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба миллат кунад, ин вафо кардан ба ваъдаҳои додааш ва гузаронидани интихоботи шаффоф ва воқеӣ мебошад!


Мӯҳр
Мурдену интихобот гуфта мурдендаааа !!! Саволи хаму журналитда посухи нагз дода наметавонед аз мевзуъ мебароед кучо давои интихобот мекунед!! Воооой бар холи ин миллати ман чи инкадар мансабпараст шудаанд ман хайрон!!!!! Гуе ватандустиро танхо дар курсии президенти карда мешуда бошад!!!!!!!!!!!!! А дар охир, аз точико пурсед дар инчо Р. Зоирова хочат ба пурсидан набуд!

Аҷуба
Ҳамин охиронашро намепурсидед беҳтар мебуд. Зеро ин шахсе ҳаст, ки дар вақташ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Меҳмонхонаи Тоҷикистони Москва офис дошт. Президентро дар ғайбаш "Ҷаноби олӣ" мегуфт. Имрӯз чунин суханҳоро мегӯяд.
Як воқеа ба хотирам омад. Муҳиддин Кабирӣ ба Россия рафт ва бо муҳоҷирон вохӯрӣ анҷом дод. Баъди ин вохӯрӣ дар ВАО як муроҷиатнома аз номи СТР, ки роҳбараш А.Давлатов буд пайдо шуд, ки гуфта мешуд: Мо зид ҳастем, ки М.Кабирӣ бо муҳоҷирон вохӯрӣ намояд ва ба сиёсат онҳоро кашад.
Аммо имрӯз А.Давлатов дар бари Кабирист. Ин дуруягӣ то куҷо мебурда бошад ӯро?

Хамин Рахматилло Зойиров чи хизмате кардаааст барои мардум, ки ин кадар вактхои охир аз андоза берун харф мезанад. Агар хамин президент шавад чи коре хам барои пешрафти ин миллат карда метавонад, охир сухан ва рафторе, ки вактхои охир у мекунад ба сиёсатмадор зебанда нест. Ман рафторхои охири уро дида дилам аз у хам монд. Бубахшед ман аз Рахмон ё каси дигар тарафдори нахохам кард, танхо фикри шахсиамро изхор менамоям.

Хитоб ба Усмон Солех чо карди,ки сатхи камбизоати нагз шуд мухочирони саргардон хар сол чи кадар маблаг ба Точикистон равон мекунанд. Бо шарм надншта гап мезани!!!

Хайрандеш
Сатхи камбизоати 38 фоиз??? Не 83 гуед, ба хакикат наздиктар мешавад.

Факат як хизмат. Хезаду Точикистонро обод монад. Аз вазифа равад. Тамом мо як чахон ташакур мегуем ба у.

tj
Бехтарин хизмати Эмомали барои халку ватан чунин аст: 'Мардум азизи ман! Ман дар интихоботи дар пеш истода иштирок намекунам. Як чахон ташаккур!!!'

Домулло
Дар хамин интихоботи пешистода Э. Рахмон ширкат намекард бисёр хам хуб мешуд, ва нафаре ба макоми Раиси чумхур интихоб мешуд,ки дар хакикат, мардуми точикистон уро бо таври шаффофу демократи дар интихоботи пешистода интихоб мекард ва камбудихои дар зер кайдшударо бартараф мекард.
Камбудихое,ки дар вакти 20соли хукмронии Э.Рахмон хали худро наёфтаанд: бекори ,фасоду ришвагири дар макомотхои давлати, бебаркии мардум дар фасли зимистон дар муддати 20-соли хукмронияш,хешутаборбози ва ба вазифахои масъул таъин кардани нафарони наздик ба президент ва аз ухдаи кор набаромадани онхо,махалгарои,сатхи пасти зиндагии мардум,нарххои дастнораси сузишвори ва маводи гизо, музди мехнат ва нафакаи ночиз, ноадолати дар додгохо ва макомотхои хифзи хукук, шиканча дар муассисахои ислохоти , роххои пулаки ва набудани роххои алтернативи, хизматрасонии сатхи пасти тандурусти ва ришваситони дар соха, фишори макомотхои дахлдор ба диндорон ва манъ кардани ибодат дар масчидхо то синни 18-сола,зиёд шудани карзи берунаи кишвар, андозхои баланд ва аз хамин сабаб коста шудани сохаи сохибкори ва тичорат, ба тарики шаффофу демократи доир нашудани интихоботи вакилони мардуми ба МО МН.

iltimos janobi oli vazifaro ba inho nasupor ki vatanu milatro mefurushan ba uzbakiston.

Ehsan, Ахсант ба ту бародар, ки гапи хака гуфти! Як чахон ташаккур!

Фикр мекунам, ки Э. Рахмон хизмати таърихиашро ба Точикистон то ворид кардани тагйиру иловахо ба сарконун аллакай ичро карда буд. Дар айни замон бояд аз шохи Бельгия, собик президенти Ирон ибрат гирад ва ба истеъфо равад. Ин хизмати бехтарине хам барои халк ва хам барои худаш мешавад. Дар давоми 20 соли хукмрониаш проблемахои халкро хал карда натавонист, наметавонад онхоро дар давоми 7 соли дигар хал намояд. Домулло дуруст кайд кардааст, ки Камбудихое,ки дар вакти 20соли хукмронии Э.Рахмон хали худро наёфтаанд: бекори ,фасоду ришвагири дар макомотхои давлати, бебаркии мардум дар фасли зимистон дар муддати 20-соли хукмронияш,хешутаборбози ва ба вазифахои масъул таъин кардани нафарони наздик ба президент ва аз ухдаи кор набаромадани онхо,махалгарои,сатхи пасти зиндагии мардум,нарххои дастнораси сузишвори ва маводи гизо, музди мехнат ва нафакаи ночиз, ноадолати дар додгохо ва макомотхои хифзи хукук, шиканча дар муассисахои ислохоти , роххои пулаки ва набудани роххои алтернативи, хизматрасонии сатхи пасти тандурусти ва ришваситони дар соха, фишори макомотхои дахлдор ба диндорон ва манъ кардани ибодат дар масчидхо то синни 18-сола,зиёд шудани карзи берунаи кишвар, андозхои баланд ва аз хамин сабаб коста шудани сохаи сохибкори ва тичорат, ба тарики шаффофу демократи доир нашудани ягон интихобот дар хамаи сатххо.

Dev
Janobi Rahmon on chize ,ki metonist baroi millat kunad , kard , digar holo nakshaho tamom shud, ba juz du -se nakshai obshusta ,ki har sol sado medihad.Az digar taraf mutaassifona , Rahmon holo bealternativa ast! Zoirov nopuhta kadr ast! HNIT in margi Tojikistoni kuchak ast ! Sad dar sad tarafdori Rahmon nestam , vale az HNIT hudo panoh dihad !

Комил
Боз хамин байни хамдигар чангандози, боз хамон барои сари мансаб чанг? Эй одамон фаромуш кардед, ки барои хамин мансаб шуда, мардум чи кадар азоб кашиданд, мехохед онро аз нав дар чуш занед? Аз ин ки чабр мебинад, боз хамун мардуми одию бенаво, боз хамон одамони бечора, аклро кор фармонед ба хар хел гапхо дода нашавед. Як амали нодуруст метавонад боз амалхои солхои 1992 ро ба вучуд орад, акло кор фармонед!!

Э акаи Усмон Солеҳ ай кучо 300 хазор чойи кори сохта метоне? Ай кадом хисоб? Барои даровардани як дастгоху мошин ай хорича бине чика пошлина супоридан даркорай. Конунхо зидди чои кории нав мебошанд. Агар гуе ин чойхои кори да Руссия мешаванд, хай хо. Набоша нахандоне, ки гирям миёя

Точики оддии мухочир
Цитата: hisor
Посух додан
hisor

Цитата: hisor
Посух додан
hisor

Пораи ВАТАН МОДАРРО ба ХИТОЙ ки фурухт??????мард бошим ба суоли ман чавоб дех.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)