Бахшҳо

Беш аз 15 ҳазор духтари то 35 солаи тоҷик бешавҳар будаанд

Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи занони Тоҷикистон теъдоди духтаронеро, ки аз 30 то 35 сол дошта, ҳанӯз шавҳар накардаанд, 15 ҳазору 315 нафар гуфт.

Сумангул Тағоева дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” сабабҳои аслии бешавҳар мондани духтаронро муҳоҷирати меҳнатӣ ва бемориҳо арзёбӣ кард. Аммо афзуд, ки “баъзе духтарон ҳастии худро ба касбу кор ва илм бахшиданд ва намехоҳанд шавҳар кунанд”.

-Духтароне, ки зери сини 40 ҳастанд ва шахсан ман мешиносам, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби бешавҳар монданашон гардидааст,-илова кард ӯ.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, СММ ва Бонки ҷаҳонӣ, оид ба раванди муҳоҷират дар Осиёи Миёна ва Русия моҳи марти соли равон дар гузорише гуфтанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ мардонро дар Тоҷикистон камёфт карда, боиси он шудааст, ки 300 ҳазор зани ҳудуди 30-солаи тоҷик бешавҳар монанд. Муаллифони гузориш навишта буданд, ки ҳарчанд расман дар Тоҷикистон теъдоди мардон аз занҳо 0,6 дарсад зиёд бошад, амалан муҳоҷират боиси он шудааст, ки занон нисбат ба мардон дар кишвар бештар мондаанд.

Дар гузориш нишон дода шудааст, ки 30 дарсади тоҷикони муҷаррад дар муҳоҷират хонадор мешаванд: “Баробари муҷаррадҳо нисфи мардони зандор ҳам дар муҳоҷират никоҳҳои тақаллубӣ мебанданд. Ин боиси он мешавад, ки бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз ҳам мепошанд. Аллакай ин равандҳо ба он оварда расондаанд, ки 300 ҳазор зани ҳудуди 30-солаи тоҷик бешавҳар мондаанд”.





Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)