Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Саймиддинов: Барои гузаштан ба хатти форсӣ фурсат дорем

27 июл 2013, 12:37

Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки “барои баргаштан ба хатти форсӣ ҳоло фурсат дорем, зеро ҳанӯз панҷ дарсади аҳолӣ ба ин чиз омода нест”.

Додихудо Саймиддинов ҳамчунин ба мавзӯи навиштаҷоти ғалат дар кӯчаҳо дахл карда афзуд, ки “21 сол аст, ки мо ифтихор аз ватану ватандорӣ мекунем, мутаасифона ҳанӯз ҳам номгузориҳои ғалат дар нуқтаҳои савдо ба чашм мерасанд”.

Ӯ аз як дукони гуштфурӯшӣ дар Душанбе мисол оварда гуфт, “ду пораи устухонро овезон кардаасту ба дуконаш “Олами гуштҳо” ном гузоштааст. Ин гуна номгузорӣ тамоман ғалат аст”.

“Зимни санҷишҳои такрорӣ муайян гардид, ки баъд аз пешниҳоди кумита аз 195 ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ном ва маводи иттилоотии 114-тои он ба талаботи модаҳои 13, 18 ва 20-и Қонун “Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқ гардонида шудааст. Бо дахолати кумита номи теъдоди зиёди ин муассисаҳо ба номҳои хушоҳанги тоҷикӣ иваз карда шуданд. Номгузрии 76 муассиса мавриди баррасӣ қарор дорад”.-афзуд, Додихудо Саймиддинов.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Yak soat ham vaqt nadorem! Chi farq mekonad, emroz aksari mardom ba horofi kirilik ham ashna yest, ya'ne savad nadarad. Pas ma chize ghayr az sargumiyi khod bay namedahem. Binaan ba pish! ba suyi alifbayi niykan!
Посух додан
  • Шариф

  • 28 июл 2013 22:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар пештоки бинои наву зебои раёсати андози ш. Душанбе (дар назди хукумати нохияи Фирдавси) бо харфхои калони барчаста навишта шудааст: "Андоз, ин бакои тамаддуниятнокии чамъият аст". Ин сухани гайриточикиро ки навишта бошад?! Оё Саймиддинов дар ин бобат ба масъулони сохаи андоз эрод гирифта метавонад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум, бародар Саймуддинов!

Шумо бо кадом далел гуфтед, ки мо барои ба хатти форсӣ гузаштан ҳоло фурсат дорем? Оё медонед, ки ҳамин хатти кирилликро чӣ тавр маҷбурӣ ба сарамон бор карданд? Он вақт панҷ дарсад не, балки ҳеҷ кас барои навиштан ба хатти кириллӣ омода набуд. Бар замми ин, ҳамаи шахсони саводи хатти форсӣ доштаро мулло гуфта, куштанд. Худоро шукр, ҳозир мардум басавод шудаанд. Айб аст барои мо, ки эҷодиёти гузаштагонамонро ба хатти кириллӣ ё дар тарҷума ба дигар забонҳо хонем. Ҳоло ки дар курсӣ нишастаед, як кори хуб кунед. Ҳафт пуштатон (ҳам гузаштагон ва ҳам ояндагонатон) раҳмат мешунаванд. Агар наметавонед, далелҳои беҷо наоред. Мардум-ку беақл нестанд. Илтимос!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алейкум бародар холо мо халки точик барой бозабони худамом гузаштан мо дар пеш мушкилихой бисёр дорем асос,ки гап дар сари иктисодиёт меравад мо бояд кушишкунем,ки иктисодиёдмон хубтар шавад баъд мо метавонем бозабони худамон гузарем мо танхо метавоне дар мактабхой миёна донишгохо соатхой забон худамонро зиёд кунем илтимос дар пеш мо интхобот дорем илтимос сари халка гаранг накунед хами хати крилики хозирашда басай барой мо медонед душмани точик бисёр хастай бо ин фикрат ту танхо метавони мушкили мо мухочирхора зиёдтаркуни илтимос монен тинчгардем мушкили мохам беин хам зиёдхаст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!