Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Ёди талхе аз "тир"-и Бег Зуҳуров ва сипос ба Адолату Сиёвуш

27 июл 2013, 12:50

Рӯзи 27.07.2012 бо хотираи талху ҳузангезаш бароям аз ёд нарафтанӣ аст ва то охири умр дар зеҳнам боқӣ хоҳад монд.

Рӯзе буд, ки аз ҷашни Ваҳдати миллӣ, дуруст, як моҳ сипарӣ шуд ва будани онро ба қадри кофӣ зери суол бурд. Рӯзе буд, ки бидуни ҳеҷ хайру хуш ва шунидани “Роҳи сафед!” аз забони волидайнам, рахти сафар барбаста будам. Рӯзе буд, ки ҳанӯз тири Бег Зуҳуров ҳама гуна иртиботро бо зодгоҳам қатъ карда буд, дар ҳоле ки қатъ шудани иртибот аз тир, дигар моли таърих аст ва гоҳ гаҳе онро дар филмҳое аз ҷанги Шӯравию Олмони нозӣ мебинем. Рӯзе буд, ки аз мантиқи як сухани ҷаноби Зуҳуров бардошти ман чунин буд, ки ғайр аз чанд соҳибмансаб, дигарон дар дӯст доштани занонашон камтар аз онҳоянд.

Ӯ дар пурсиш ба саволи чаро чанде аз мансабдорон бе мамониат аз телфонҳои ҳамроҳ истифода мебаранд, гуфта буд, ки онҳо занони худро хеле дӯст медоранд. Ҳамон Зуҳурове, ки дертар суроғи соҳиби Фейсбук рафту аз напардохтани молиёти ӯ ба давлат гила кард.

Се рӯз қабл аз рӯзе, ки зикраш рафт нерӯҳои давлатӣ, соати 4 и субҳ, бо мақсади ба худашон маълум амалиётеро дар маркази вилояти Бадахшон шурӯъ карданд. Албатта, бо нақз ва бар хилофи даҳо қонуну қоидаи гузаронидани амалиёти низомӣ. Ҳамин қонуншиканиҳо буд, ки теъдоди қобили мулоҳизаи одамон аз ҳарду тараф, ҳам мулкиву ҳам низомӣ, ҷон бохтанд. Алъон, шумораи фавтидаҳо дар ҳарҷо ҳар гуна ба чашм мехӯрад, ки фикр мекунам он қадр муҳим ҳам нест. Муҳим он буд, ки хуни инсон бояд намерехт, ҳатто аз 1 нафар ҳам. Фикр намекунам, ки модари писаргумкардае лозим донад, ки номи фарзандаш ҷойе навишта шавад. Нек медонад, ки бо ин амал чизе ба даст намеояд ва тухми одамӣ ҳам сабза нест, ки дубора аз хок сар кашад.

Маҳз дар рӯзҳои ба ҳамин монанд ниёз ба одамони ҳақталошу дилашон бо забон яке бештар пайдо мешавад. Аз ин рӯ, мехоҳам аз чанде аз онҳоро ин ҷо ном бубарам, ки дар воқеъ тавонистанд, он шабу рӯзи пуршӯру ғавғо чизе анҷом диҳанд. Шахсан худам амалкарди ин чанд танро қобили тавсиф медонам, гарчанд барои дигарон, шояд, арзиши камтаре дошта бошанд.

Он замон чизе, ки мардум ба он эҳтиёҷи аз ҳама бештар дошт, иттиллоъ буд, ки густохона қатъ шуд. Дар миёни ин инзивоъ рӯзноманигор, Рамзия Мирзобекова, монанди ҳамеша, бо ҷасорати ба худаш хос, тавонист худро ба ҷойи ҳодиса расонад ва андаке халои иттилоотиро пур кард. Аз чист, ки ҳамеша диловариву шуҷоатро сифати мардон медонанд ва ҷинси латифе ҳам агар коре бемонанду сутуданиеро анҷом диҳад, мегӯяд “мардонавор” ё ба истилоҳ “мардак ворӣ”. Аз ин рӯ, намегӯям, ки Рамзия мардонагӣ нишон дод. Ӯ танҳо аз

"Он на ман бошам ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам к-андар миёни хоку хун бинӣ саре"
кор гирифт ва аз ин тариқ нишон дод, ки ба шуғли худ содиқ аст.

Ва Адолати адолатҷӯй низ бо матлаби “Ман Помириям” аз роҳ расиду дили ғамзадаву реш реши ман баринҳоро, ки он рӯзҳо дар кӯчаҳои пойтахт “оҳистата”р раҳ мегаштанд, таскин дод. Навиштааш саропо ҳарфи дили миллат буд. Ӯ навишта буд: “Ҷинояти гӯшношунид содир шуд, хуни шаҳидон, чи кӯдаку марду зан ва чи чабозони бегуноҳ аз ҷодаҳои Хоруғ шуста мешавад, аммо ҳаргиз аз ёдҳои таърих зудуда нахоҳад шуд”. Ҷоно, сухан аз забони мо мегӯӣ, бале нахоҳад шуд.

Аз қалами шоир Сиёвуш, ки солҳост дар дурӣ аз кишвар ба сар мебарад, марсияе ба номи “Марсияи Сабз”, дар шаҳодати Сабзалӣ Мамадризоев , таровид. Чун сухане буд аз дил, лоҷарам бар дил нишаст ва нишон дод, ки ҳанӯз давру барамон инсонҳое зиндаанд, ки барояшон инсон қадру қиммате дорад. Шоир муҳаббаташро бо забоне, ки бо шир андарун шудаасту бо ҷон ба дар мешавад, изҳор кард. Ба кӯҳ овози хуш деҳ то хуш ояд, гуфтаанд. Ва пажвоки он садо пас аз як сол бар гӯши Сиёвуш омад. Узум ту живҷ, Сиёвуш!

Сайф САФАР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Панч

  • 27 июл 2013 21:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайф бордар саломат боши! Барои гапхои ростат, кам инсон дар миллати мо мондааст росту росткавл бошад. Хохарон Адолату Рамзия дар хакикат дидли 1000 хо дилшкастаро кувват бахшиданд, инро мумкин худи онхо хис накарданд, он руз газетаи Миллатро дар фуруш наёфтам аз дигар бапродарон дастрас кардам, баъд аз 1 соат боз дигар бародар омада газетаро гирифт. Як хохари дигар хам бисёр часурона навишта буд, як хамватанамон аз Алтаато навишта буд ( афсус номхояшон дар хатир намондааст) он рузхо ин суханон мисли дору ба ман таъсир карданд, дил кувват мегирифт, ки на хамаи ин миллат манкурт шудааст, на хамаро мансабу пул хушомадгую чоплус беномус карааст. Офарин бародар Сайф, мутмаъинам номии ин хохарону бародарон дар таърихи миллат доим ба некию ифтихор ёдовар хохад шуд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!