Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:13

Падари маҳбус: “Маро шиканҷа карданд, то бигӯям шиканҷа нест”

27 июл 2013, 13:30

Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев -- шоҳиди марги Ҳамза Икромзода қасд дорад аз бархӯрду амалкарди додситон ва маъмурони пулиси Хуҷанд ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон шикоят бубарад.

Оқои Одинаев шанбеи 27-уми июл ба “Озодагон” гуфт, рӯзи ҷумъа мақомоти пулиси шаҳри Хуҷанд ӯро ба зӯру шиканҷа боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Ба қавли мусоҳиби мо, ин кор бо дастури Парвиз Қосимов, муфаттиши Додситони назорати муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд, сурат гирифтааст.

“Ҳадафи онҳо ин аст, ки мехоҳанд бигӯем, фарзанди моро шиканҷа накардаанд ва дар зиндон ягон шиканҷа ҳам нест”,-афзуд Одинаев. Мусоҳиби мо мегӯяд, инчунин ӯро барои паҳн кардани видеои шиканҷаи Суннатулло Ризоев ва ҳамроҳонаш дар зиндони Хуҷанд муттаҳам донистаанд. Ин видео дар авохири соли гузашта дастраси расонаҳо шуд ва дар он як гуруҳ маҳбусоне, ки аз зиндони рақами аввали Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфта буданд, худро муаррифӣ карда, қисме аз бадани худро, ки зарбу лат дидаанд, нишон медиҳанд. Видеои шиканҷаи маҳбусон бо вокунишҳои шадид рӯбарӯ шуд ва ба қавли соҳибназарон сирри шиканҷа дар зиндонҳоро, ки мақомот пайваста рад мекарданд, рӯи об баровард.

Падари маҳбус: “Маро шиканҷа карданд, то бигӯям шиканҷа нест”Падари Суннатулло Ризоев гуфт, шоми 26-уми июл худро аз Хуҷанд ба Душанбе расондааст, вагарна ба гуфтаи ӯ хавфи боздошташ дар маркази вилояти Суғд бештар буд. Ҳоло қасд дорад, ин мавзӯъро бо ҳуқуқдонҳо ва вакилони мудофеъ баррасӣ карда, аз рӯи он ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони байналмилалӣ муроҷиат кунад.

Маҳмурод Одинаев мегӯяд, ӯ барои иштирок дар додгоҳи фарзандаш Суннатулло Ризоев ва ҳамроҳи ӯ -- Садриддин Тошев, ки ҳамчун шоҳидони марги Ҳамза Икромзода муаррифӣ мешаванд, ба Хуҷанд рафта буд. Баҳси ин парванда рӯзи 26-уми июл дар СИЗО-и Хуҷанд оғоз ёфта, вале баррасияш барои як ҳафта ба таъхир гузошта шудааст.

Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев моҳи октябри соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода, як сокини ҷавони ноҳияи Ҳисор дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳи як гуруҳ зиндониён аз пойтахт ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфта буданд. Ин ду нафар дар пахши ахбори гӯиё бардурӯғ муттаҳам мешаванд.


PS: Акси аввал тавассути Маҳмурод Одинаев дастраси мо шуд, ки ҳамроҳонаш бардоштаанд. Ба қавли Одинаев, ин акс дар лаҳзае бардошта шудааст, ки ӯро бо зӯрӣ ба мошин савор карда, барои бозпурсӣ мебурдаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мана хукуматдорони точики мо Маҳмурод Одинаев, аз дасти кормандони органи Хучанд гурехт, ки шикоят кунад ба фикрам дар Душанбе дар кап мезанад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мана хукуматдорони точики мо Маҳмурод Одинаев, аз дасти кормандони органи Хучанд гурехт, ки шикоят кунад ба фикрам дар Душанбе дар чаги гургони гурусна мезанад, ки хеч кас дасташ намегирад.... ХАЙФ.
Посух додан
  • Адолатхох

  • 27 июл 2013 20:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чароги зулми золим то дами махшар намесузал агар сузад шаби дигар намесузад. Иншоолох ин бе инсофон чазои худашонро мегиранд фардо рузи кёмат.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АНА ХУКУМАТУ МАНА ХУКУМАТДОРИ. АЗ КАСЕ НАТАРСИДА МАРДУМРО РУИРОСТ МЕКУШАНД ВА ШОХИДХОРО ТАХКИР МЕКУНАНД.
Посух додан
  • sodik

  • 28 июл 2013 18:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бечораро бисер азоб доданд.Аммо у рухфтода нашуд.Худо нигахбонатон бошад.
Посух додан
  • окил

  • 29 июл 2013 09:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон шумо ягор хурналисти хакчу ва хакикатнавис доред, ки хакикати холро нависад.
Аввалан дар бораи гуноххои кардаи махрум Хамза Икромзода ва махбаси шидани он (Аз руи баъзе маълумотхо у ба хонаи як муллои кабагали нохияи Хисор зада даромада духтари ин муллоро дар пеши чашми падараш тачовуз кардааст.) То чи андоза ин рост аст, гунохи хар кас ба сари худаш. Баъдан агар хамин ходисаро ба чо оварда бошад Уро дар махбас хамон махбусон худашон чазош медиханд, чунки конунхои махбусон хеле сахт аст ва дунёи охирадаш низ сухтагиаст. Баъдан ин ду нафари дигарро Тошев ва Ризоевро фахмидан даркор, ки бо чи гунохо вориди махбас шудаанд, агар инхо хам ба мардум зулм карда, бо калоби (машеник) дохили махбас шуда бошанд, холи инхо аз ин баъд. Хамин падарон ва модарони игвогаршонани шинондан лозим. Аз ОЗОДАГОН хохишмандам як тадкикоти журналисти гузаронида ХАКИКАТРО ба мухлисонат пешниход намо. Ва охиру даъво АЛЛОХУ АКБАР.
Посух додан
  • Бегараз Панд

  • 30 июл 2013 08:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Махмурод Одинаев гуфтаниам, ки фарзандатро аз аввал дар рохи рост тарбия мекарди имрузхо ин кадар сарсон намешуди. Хамин, ки тарафатон камтар безеб нигох кунанд дарав аз хочагони хоричи ёд мекунед, тарбия кунед дар рохи рост тарбия кунед аз ин маълум мешавад фарзанди шумо дар хамон махбас хам тарбия надорад вой бар холи Шумо.
Посух додан
  • манбаи бо эътимод

  • 4 август 2013 12:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХАМЗА Икромзода бо моддаи 249 кч чумхурии точикитгн гунахгор шудан буд дар хакикат бо хамрохии се нафар хешонашон ба руяш никоб пушида ба хонаи домуло мансури хисори даромада аъзои оилаи домулоро бо се нафар шогирдонаш баста бо тахдиди ярок аз хонаи домулло тило ва пульт гирифта мераванд, ки аз махалаи 46 шахрай дастгири карда шудан никобхояшон бо ярок гирифта шудан хамчун горатгар суд карда буданд.
Ин ризоев бошад як модари шаттох дорад, ки аз пушти хамин махмурод, ки бо Дигар занг зиндагонинамуда намудаистодааст, садхо шикоятхои бофаро ба макомотхои нохияи хисори пешниход мекунанд имруз бошад ин писари нашъачалобашонро умуман намепурсиданд , барои манфиатхои шахсияшон байрак карда даъво доранд, хамин занакро омада дар шахраки химсор аз хамсояхо пурсед Чандин хамсояро бо тухмат кашидааст хатто корманди хифзи хукукро ин бемории даъвочиги доранд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!