Бахшҳо
27 июл 2013 14:20Тоҷикистон / Сиёсат

Кабирӣ: “Президент бояд барои давраи гузариш интихоб шавад”

Ҷаласаи рӯзи шанбеи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон барои интихоботи демократӣ бидуни интихоби барнома ва номзади ягона анҷом ёфт. Қарор аст, ҷаласаи навбатии аъзои ин Иттиҳод рӯзи севуми Иди Рамазон ё Фитр баргузор гардад.

Бо ин ҳол, дар ҷаласаи рӯзи шанбе аъзои Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ як қисми барномаи номзади ягонаро ба баррасӣ гирифтанд. Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пешниҳод кард, номзади ягона барои чаҳор сол ба мақоми президентӣ интихоб шуда, баъзе аз салоҳиятҳояш маҳдуд шавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар ин мавзӯъ изҳори назар мекард, гуфт, “президенти оянда бояд барои як давраи гузариш интихоб шавад, агарчи Қонуни асосӣ салоҳияти 7 сол медиҳад. Вале бояд он номзад тааҳҳуд бидиҳад ба нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҷомеа, ки дар як муддати гузариш на бештар аз 3-4 сол барномаи муштараки моро амалӣ мекунад ва шароитро барои интихоботи демократии дигари президентӣ омода месозад ва муҳимтар аз ҳама президенте, ки дар ин давра интихоб мешавад, ҳаққи номзад будан пайдо нахоҳад кард.”

Аъзои Иттиҳод пешниҳод карданд, ки барои таҳия ва омода кардани барномаи номзади ягонаи нерӯҳои демократӣ як кумита таъсис ёбад. Оқои Кабирӣ гуфт, тарҳи барномаи номзад то ҳол комил нашудааст ва аз иштирокчиён хост, ки назари худро дар бораи он ба таври хатти пешниҳод кунанд.

Дар охир Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинхтаи тоҷик, пешниҳод кард, ки унвони барномаи номзади ягона "Беҳбудии рӯзгори мардум мароми мост" номида шавад.
Мӯҳр
Факир
Бисёр фикрхои оличаноб. Дар хакикат ваколатхои Раиси Чумхур ва муддати дар сари кудрат буданаш, кам кардашуда ба чорсол оварда расонида шавад.Ваколатхои Сарвазир пурра ба ихтиёри у дода шавад,то ки у битавонад кабинаи вазиронро аз нафарони кор шиносу бо илму фарханг ва донистани касби худ ,ба фаъолият чалб намояд,ки ба рушди кишвари азизамон ва аз сатхи факр ва зиндагии паст баровардани миллати
азияткашидаи точик,кушиш ба харч диханд.
МАРДУМИ ТОЧИК ВА ТОЧИКИСТОНИЁН ХУКУКИ ЗИНДАГИИ БЕХТАРИНРО ДОРАНД ВА НА КАШШОКОНАВУ ДАР САТХИ ФАКР ЗИНДАГИ КАРДАНРО.

charo namexohed tojik obod shavad?medoned ki uzbakho mexohand tojikistonro ba uzbakiston doxil kunandu tojikro uzbak kunand.dilaton namesuzad ba in kadar mehnathoyaton ki sohibi vatan shuded.baroi pul?nomus kujost?az xudo tarsed oxir.

Хами Рахматуллох Зоиров дар ду хает намегузара хдашам медонад ..Кабири аз буздилиш амонд дааа..агар мемонд шанси гузаштан дошт..аз хама шинохта ва обуруманди инхо Кабири хаст..аммо сад афсуз ки метарсад..Эмомалиям намегузарад аммо мегузаронанша

Чандин пешниходи аввалин нисбати номзади ягона
1. Бояд аъзои ягон хизб набошад, дар акси хол онхо ба як карор омада наметавонанд.
2. Нисбатан солхурда бошад.
3. Нисбатан инсони пок, бовичдон ва часур бошад
4. Нисбатан шинохта бошад ва пеш аз ин ягон мансаби давлатиро ишгол накарда бошад, забони давлатиро хуб донад, вокеан механпараст ва мардумдуст бошад.
5. Бехтараш аз вилояти Сукд бошад.
6 Вокеан ба мухлати 2-4 сол интихоб шавад.
7. Дар якчояги барномаи мукамали номзад алакай нашр шавад ва аз мардум хохиш карда шавад, ки хар як шахрванд орзую мароми худро барои амали шудан пешниход намояд ва як комиссияи бонуфуз онхоро тахлил намуда мухимтаринхо ва амалишавандахои онхоро ба барномаи номзад ворид намояд.
8 Вокеан максади асоси бехбуди сатхи зиндагии мардум аз рохи инкишофи иктисод, маориф, ва адолат бошад.
9. Зимни интихоби кадро адолати минтакави ба эътибор гирифта шавад ва ба хар як вилоят ва нохияхои тобеъи марказ имконият дода шавад, ки номзадхои бехтарини минтакаи худро пешниход намоянд ва ин номхо бояд дар матбуот пешаки нашр шаванд, то ки хар як хохишманд тавонад аз фикри худ ба ин руйхат номзади арзандаро ворид карда тавонад. Шояд чунин руйхати аввалин дар рузхои наздик ба нашр расонида шавад, то ки мардум аз холо сар карда аз хукукхои худ истифода бурданро омузанд ва одати гуё аз онхо чизе вобаста надоштанро тарк намоянд. Дар киёс бо руйхати нави кадро руйхати хозираи сохибмансабон ва шахсони дар 20 мсоли охир сазовори мансаб ё ягон чоизаи давлати гардида нашр шаванд. Чунин руйхатхо мардумро аз бисер чизхои номатлуби давлатдории хозираи мо огох менамоянд ва муносибати онхоро нисбати давлатдорони хозираи мо тагир медихад.
10. Мутаассифона системаи давлатдории худкома, ки дар мо вучуд дорад, намегузорад, ки инсонхои вокеан лаёкатманд ба мардум шиносонида шаванд, чунки чунин шахсон пояхои режими худкомаро такон медиханд ва онро ноустувор мегардонанд. Бинобар хар як аъзои иттифоки навташкил бояд тамоми имкониятхоро истифода бурда, якчанд шахсони сазоворро пайдо намуда, аз онхо илтичо намоянд, ки ба хотири мардуми Точикистон хамин миссияро ба ухда бигиранд. Шояд чандин шахсони сазоворе хастанд, ки бо сабабхои гуногун хоиши ишголи ягон мансабро надоранд, чунки давлатдори масъулияти бузургро талаб мекунанд, бинобар одамони худогох аз мустачо карда натавонистани адолат дар хама чабхахои давлатдори харос доранд ва вокеан ин на танхо кори осон нест, балки кори мушкилтарини давлатдори аст.

Чандин пешниходи аввалин нисбати номзади ягона
1. Бояд аъзои ягон хизб набошад, дар акси хол онхо ба як карор омада наметавонанд.
2. Нисбатан солхурда бошад.
3. Нисбатан инсони пок, бовичдон ва часур бошад
4. Нисбатан шинохта бошад ва пеш аз ин ягон мансаби давлатиро ишгол накарда бошад, забони давлатиро хуб донад, вокеан механпараст ва мардумдуст бошад.
5. Бехтараш аз вилояти Сукд бошад.
6 Вокеан ба мухлати 2-4 сол интихоб шавад.

Собирчон,
Ганда зур гуфти !!!! Чи фарк доштай аз Сугд Хатлон е Бадахшон???!!! Аввал андеша кун бад гап зан! Да оши нахор шиштаги нести дар озодагон гуфтести суханота!!!! Хами Бадахшонихо нест ки зиеда аз 70 фоизи муаллимон дар тамоми чумхури, Хами Хатлонихо набуданд чанги шахрвандиро пахш карданд? Медонам худактам аз хаму тарафои!!!!

Бури
куна ба шох чанг наандозен...Оли Гаффор Седою Ёкуб Салим намурдаанд, Чолу Саидшову Сухроб хам иншоолох зиндаанд.

Mah...., лекин хандондедда аз точикистон нею аз сугд бошад ха ха офарин ту кучову комент нависи кучо

Барои Собирчон! Аз пешниходи шумо сараввал пункти 5 бадошта шавад,агар не ин пешниход ахамияте надорад ва окибаташ хам ба хама маълум аст.

кабири ва зомров ба шумо мерасонам ки пешниходамро кондид ба раис дороияш чи маош мегирад зану фарзандаш хешу табораш чи кор мекунанд хамааш кайд карда шаванд чи мошин дорад хонаи чи хели дорад ба назар гиранд президенд ки интихоб шуд фарзандон зану авлодаш чи коре мекарданд ба хамун корашон саргардон шаванд

gap zanon badi 7 sol.dar konun 7 sol navistagi ast..konunro dar vaktash xudaton navisted janobi kabirivu zoiruf.aku tokat kuned.to on vakt inshoalloh rustamjonam tayor meshavad..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)