Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 01:36

Исоқов: мо 40 миллион сомонӣ қарздорем

21 июл 2011, 08:28

«Имрӯз ширкати «Тоҷик Эйр» мувоҷеҳи мушкилиҳои зиёд аст.


Мушкилоти асосӣ ҳолати молиявӣ ва фарсудашавии техникаву таҷҳизот мебошад», -гуфт Музаффар Исоқов, директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр».
Бино ба гуфтаи номбурда айни замон «Тоҷики Эйр» беш аз 40 миллион сомонӣ қарздор аст, ки ин ба ҳолати молиявии ширкат таъсири манфии худро мерасонад. Музаффар Исоқов мегӯяд, соли равон имкони пардохти ҳамаи қарзҳоро надоранд.  Дар ин ҳол ба қавли сарвари кулли «Тоҷик Эйр» давоми шаш моҳи ахир ширкат қарздор нашуда, ҳамаи қарзҳо аз солҳои пеш боқӣ мондаанд. Раҳбарияти ширкати ҳавоӣ тасмим дорад, ки солҳои 2012-2013 қарзҳои ширкатро пурра пардохт намоянд. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!