Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:45

Вазири қирғиз гуфт, Русия ба ҳукуматаш эътимод кардааст

28 июл 2013, 16:15

«Газпром» барои он маҳз ҳоло ба Қирғизистон омад, на дар солҳои 2004 ё 2007, ки ба ҳукумати феълӣ бовар дорад. Ин нуктаро Усмонбек Ортиқбоев, вазири энергетика ва саноати Қирғизистон дар нишасти хабарие изҳор доштааст.

Ба қавли ӯ, Русия ба мақомоти Қирғизистон бо раҳбарии президент Отамбоев бовар дорад: «Имрӯз боварӣ ба миён омадааст, аз ин рӯ ширкатҳои хориҷӣ дар кишвар сармоя мегузоранд, тарҳҳои бузурге ба монанди «Газпром» дар маҷрои болоии Нарин, «Қамбар-Ота-1», «Датка-Юг» амалӣ мешавад. Чиноиҳо барои бештар кардани кори «Бишкек-ТЕЦ» сармоягузорӣ мекунанд”.

Ёдовар мешавем, ду рӯз қабл дар шаҳри Маскав Александр Новак, вазири энергетикаи Русия ва Усмонбек Ортиқбоев, вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон қарордоди байниҳукуматӣ дар мавриди ҳамкориҳо дар бахши ҳамлу нақл, коркард ва роҳандозии гази табиӣ дар қаламрави Қирғизистонро имзо гузоштанд. Тибқи ин санад, иҷрои вазифаҳои мазкур бар души ширкати «Газпром» гузошта шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!