Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

“Касе маоши кормандонро дода наметавонад, бояд кор накунад”

29 июл 2013, 08:48

Тахмин меравад, як сабаби аз вазифа рафтани Абдулло Ёров, собиқ раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ба чанд моҳ пардохт нашудани музди маоши кормандони нерӯгоҳҳои “Норак”-у “Бойғозӣ” будааст.

Чун хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ ба Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Норак, садри минтақае, ки ин ду нерӯгоҳ онҷо ҷойгир аст, ин нуктаро матраҳ карданд, мавсуф гуфт, Абдулло Ёров бо ин сабаб аз кор рафт ё не, намедонам, “аммо Ҷаноби Олӣ дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ гуфт, ҳар касе музди маоши кормандонро пардохт карда натавонад, бояд дар вазифааш кор накунад.”

“Нерӯгоҳҳои Нораку Бойғозӣ тавозуни нотамом доранд. Аз ин рӯ, ҳамаи маблағ ба ширкати “Барқи Тоҷик” интиқол меёбад. Ман шахсан ба раиси ин ширкат муроҷиат кардам ва фақат баъд аз ин маоши кормандони ҳарду нерӯгоҳ пардохт шуд... Агар коргар музди маошро нагирад, ӯ аз хӯроку чизҳои дигар мемонад. Агар инҳо маош нагиранд, андози шаҳр ҳам иҷро намешавад, чунки маблағи андози якмоҳаи нерӯгоҳҳои мазкур 49 фоизи нақшаи моҳонаи қисми даромади буҷети шаҳрро ташкил медиҳад”,-афзуд оқои Абдуллоев.

Аммо Наврӯз Самадов, мудири хадамоти давлатии назорат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, чанд рӯз пас аз барканории Ёров маҳз таъхир дар пардохти маоши кормандонро яке аз сабабҳои сабукдӯш гаштани ӯ унвон кард. “Мо иттилоъ дорем, ки кормандони “Барқи Тоҷик” се-чор моҳ боз маоши худро нагирифтаанд. Сабаби ин ба суратҳисоби бонкии “Барқи Тоҷик” нагузаштани маблағ мебошад”,-изҳор дошт Самадов.

Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Абдулло Ёров аз мақоми раиси ширкати “Барқи Тоҷик” бемории ӯ номид. Оқои Ёров се сол пеш дар пайи барканории Санъат Раҳимов ба ин мақом таъин шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бале, касе наметонад кор кардан ва коргаронро бо маош таъмин кардан хатман аз кор равад ва ба мучозот кашида шавад. Раис Шахритус маоши муаллимонро 6 мох аст, ки надодааст бояд Ч.Сафаров ва мудири маонрифи нохия Сайфиддин Садриддинов аз вазифа пробкаворе паранд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!