Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:16

11 нафар дар Ваҳдат дипломи духтури оилавӣ гирифтанд

21 июл 2011, 09:01

Тибби оилавӣ намунаи муносибтарин ва каммасрафтарини кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аст.


Дар ин бора Ҷеффри Ларер, сарвари агентии ИМА оид ба  рушди байналмилал иброз дошт. Ӯ ин ҳарфҳоро дар ноҳияи Ваҳдат ироа карда афзуд, духтурони оилавии таълими хуб гирифта метавонанд, бемориҳои тамоми аҳли оиларо табобат кунанд. Духтури оилавии баландихтисос оиди зарурати эмкунии кӯдак, ташхиси маъмулии зани ҳомиладор, ё дар мавриди дарди сар ё ҳарорати баланд доштани аъзои оила метавонад маслиҳат диҳад ва ба оила кӯмаки зарурӣ расонад.

Тавре ба «Озодагон» аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, сарвари агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар  Тоҷикистон ҷаноби Ҷеффри Лерер, муовини мудири маркази ҷумҳуриявии тибби оилавӣ  Мавзуна Ғуломова ва роҳбари шӯъбаи тандурустии шаҳри Ваҳдат Бунафша Азимова ба 11 хатмкунандагони курси шашмоҳаи омӯзиши тиби оилавӣ, ки дар маркази таълимии тибби оилавии маркази саломатии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, диплом супориданд. Акнун хатмкунандагон ба маҳаллаҳои худ баргашта ба беморон кӯмаки тиббии беҳтар хоҳанд расонд.

Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз тарҳҳои сершумори кӯмакрасон  аз ҷониби мардуми Амрико тавассути Оҷонсии Иёлоти Мутттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ амалишуда мебошад. Аз соли 1992 инҷониб сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон тахминан  984  миллион доллари ИМА-ро таъмин намудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!