Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:09

Нашрияҳои узбакӣ Ислом Каримовро на президент, балки "подшоҳ" номиданд

29 июл 2013, 11:10

Нашрияҳои Узбакистон дастаҷамъона дар шумораи ҳафтаи гузаштаи худ аз дастовардҳои кишварашон ном гирифта, яке аз онҳо Ислом Каримов, раисиҷумҳури хешро на президент, балки “Подшоҳ”-и мардуми узбак хондааст.

Ба навиштаи торнамои “Узметроном”, ҳафтаномаи узбакии “Истиқлол куешӣ” дар шумораи 25-уми июли худ мақолаи ҷавобиеро ба мактуби яке аз хонандагонаш зери унвони “Президенти ман” нашр кардааст. Дар он намояндаҳои қишри ҷавон, собиқадорҳо ва соҳибкорон дар якҷоягӣ аз ақидаи муаллимон дар мавриди хидматҳои беанадозаи раҳбари давлаташон ҳимоят кардаанд. Онҳо ба таври қотеъ розигии худро бо ибораи “Ислом Каримов президенти доимии ман” баён кардаанд.

Рӯзномаи “Туркистон” матлаберо таҳти унвони “Агар дар рӯи замин биҳишт аст...” чоп карда, муаллиф дар ин мақола Узбакистонро бо биҳишт муқоиса кардааст: “Ба мо як минтақае аз биҳишт насиб гаштааст, аз он хотир, ки аз Худованд ҳамеша шукргузорем. Ҳазор бор шукрона аз он менамоем, ки барои мо як подшоҳи оқилу одил додааст. Дар ҳама ҷой ҷангу фақру буҳрони иқтисодӣ ҳукумфармост. Аммо мо ҳамоно бо дастовардҳои худ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ оламро тасхир мекунем. Магар ин ҳама дастовардҳои кишвар дар муддати 22 сол натиҷаи он иқдомҳои оқилонаи Ислом Каримов намебошад?”.






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хайрандеш

  • 29 июл 2013 13:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
магар дар мо низ чунин нест?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кал додари кур
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яке аз он "дастовардҳои" подшоҳи Ӯзбакистон он аст ки мардумаш ҷабран суханчину хабаркаш (стукач) гардидаанд. Фарз кардем, аз хориҷа (бахусус аз Тоҷикистон) хонаи шумо меҳмоне ояд, ҳамсояи шумо фавран аз ин "рӯйдоди фавқулодда" ниҳодҳои маҳаллиро (милисаро) хабар медиҳад. Лаҳзае нагузашта се чор нафар милиса бо ҷип ё БТР ба хонаи шумо ҳамла мекунанд. Пас аз он вой ба ҳоли шумову меҳмонатон. Аз омаданаш пушаймон мешавад. Натарсед, шумо аз ҳамсоя барои "хизматҳои ватандӯстиаш" қарздор намешавед. Ба шарте ба хонаи ҳамсоя меҳмони хориҷие омад, шумо бояд хабаркашӣ кунед. Вагарна боз ҳам вой ба ҳолатон ки "таъҷилан ватандӯстӣ" нишон надодед.
Посух додан
  • демократ

  • 29 июл 2013 21:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин озодие дар точикистон хаст дигар дар осиёи миёна
нест
Посух додан
  • shams

  • 30 июл 2013 08:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дар узбехо дар рузномахо шох эълон наомнд президентро пас дар Точикистон тарики садову симо хамруза мешунавем ва мебинем, ки президенти Точикистон шох аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!