Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:34

Барқи тоҷик: “Ёров аризаи истеъфояшро як сол пеш навишта буд”

29 июл 2013, 12:22

Масъулини “Барқи тоҷик” ба далели пардохт нашудани маоши кормандон, аз раисии ин ширкат барканор гардидани Абдулло Ёровро қатъиян рад мекунанд.

Абдулло Қурбонов, муовини раиси “Барқи тоҷик” имрӯз, 29-уми июл, зими нишасти матбуотӣ гуфт, Абдулло Ёров аризаи истеъфояшро аз раисии ширкат ҳанӯз як сол пеш навишта буд ва ин ба вазъи саломатияш марбут аст.

Масъулини “Барқи тоҷик” мегӯянд, қарздорӣ дар назди кормандон воқеан ҳам дар ин ширкат вуҷуд дорад. Суҳроб Раҳимов, муовини дигари раиси “Барқи тоҷик” мегӯяд, маоши кормандон давоми ду моҳи охир пардохт нашудааст ва маҷмуан 32 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки Наврӯз Самадов, мудири Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 18-уми июл ба хабарнигорон гуфт, таъхири маоши кормандони ширкати “Барқи тоҷик” яке аз сабабҳои барканории оқои Ёров будааст. Ба қавли ӯ, “мо иттилоъ дорем, ки кормандони “Барқи тоҷик” се - чор моҳ боз маоши худро нагирифтаанд. Сабаби ин ба суратҳисоби бонкии “Барқи тоҷик” нагузаштани маблағ мебошад.”

Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи Тоҷик», рӯзи 11-уми июл бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз мақомаш барканор гардид. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Ёровро ба вазъи саломатии ӯ марбут дониста буд. Ҳоло Аслӣ Назаров раиси нави ширкати “Барқи тоҷик” таъин шудааст.

Абдулло Ёров се соли пеш бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба мақоми раиси ширкати “Барқи тоҷик” таъин ва дар ин вазифа Санъат Раҳимовро иваз карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!