Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:44

Ҳалокати се низомии хориҷӣ дар Афғонистон

29 июл 2013, 12:36

Рӯзи гузашта, 28-уми июл дар қаламрави яке аз музофотҳои марказии Афғонистон як хизматчии ҳарбии неруҳои байналмилалии таъмини амният кушта шудааст. Дар ин бора расонаҳои давлати исломӣ хабар додаанд.

Гуфта мешавад, ин сарбоз дар пайи як даргирии мусалаҳона бо ҷангиён ба ҳалокат расидааст. Дар робита ба сиёсати пешгирифтаи НАТО алъон маълумоти бештар дар мавриди шаҳрванди кадом кишвар будан ва музофоте, ки ҳодиса иттифоқ афтодааст, дода намешавад.

Ин дуюмин ҳолати кушта шудани сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон давоми ду рӯзи ахир аст. Рӯзи шанбе дар шарқи давлати исломӣ ду низомии Амрико бар асари таркиши мини рӯи роҳ ба ҳалокат расида буданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!