Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:06

Кумакхоҳии модар: "Ёрӣ кунед, тифламро аз даст медиҳам"

29 июл 2013, 13:21

Ҳусноро Аюбӣ, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо навиштани як нома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, афроди доро ва саховатпешаи кишвар барои табобати тифли даҳмоҳааш кумак хостааст. Ҳоло номаи Ҳуснороро бо аксҳои духтараш Амина чоп карда, аз ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд, барои ӯву кӯдакаш дасти ёрӣ дароз кунанд, даъват мекунем, то ба ин шумора занг зананд: (+992) 904-52-90-84.


“Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.

Ман, Ҳусноро Аюбӣ, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳастам. Се фарзанд дорам ва айни ҳол бо фарзанди хурдиам дар беморхонаи кӯдаконаи ба номи Чапаев бистариам.

Духтарам Амина Абдуллоеваи даҳмоҳа аз бемории шадиди дарунравии рӯда ва таби баланд азият мекашад. Аз таби баланд хун дар баданаш шах шуда истодааст. Чун табобат дар беморхона ройгон аст, духтарам дар беҳтарин шароитҳо ва бо беҳтарин доруворӣ табобат мегирад. Ин гуна сартабиби беморхона Файзалӣ Саидов, ҷонишини сартабиб Сурайё Қаландарова ва духтури табобатии духтарам Адолат Саидова аз аҳволи духтарам тез-тез хабардор буда ғамхориҳои зиёд зоҳир мекунанд.

Кумакхоҳии модар: "Ёрӣ кунед, тифламро аз даст медиҳам"Аммо ҳафт рӯз аст, ки табобаташ бе натиҷа аст. Кӯдакам дар ҳолати вазнин қарор дорад. Дар муддати якуним моҳ кӯдак чил фоизи вазнашро партофтааст ва ин ҳолатро дида, тамоми духтурони табобатхона ба хулосае омаданд, ки хуни кӯдакро аз ташхиси лабараторӣ гузаронанд ва агар иллат дар хунаш бошад, табобати дигар ва дурударозу қиммат лозим аст.

Ман дар хонаи иҷора мешинам ва ҳар се-чор моҳ ҷои зистам иваз мешавад ва ба табобати куллӣ зӯрам намерасад. Аммо духтарам ба табобати таъҷилӣ ниёз дорад. Дар хона ягона шавҳарам коргар аст ва ӯ низ ароба мекашад. Ман бошам, донишҷӯи ғоибхон дар соли чорум ҳастам. Шароити зиндагиамон беҳад вазнин аст. Ман, ки фарзанди калониамро аз даст додаам, рӯз то рӯз бад шудани аҳволи духтаракамро дида, худамро дар ҳамин дунё бе дасту по, бекас ҳис мекунам. Ин бадтарин ҳиссиёт барои ҳар як модари рӯи дунёст.

Мӯҳтарам президент!
Мӯҳтарам саховатпешагони Тоҷикистон!

Ҳамаи Шумо нисбат ба мардуми тоҷик меҳрубону ғамхоред ва ман ҳам бо умеди зиёд ва ба хотири ба даст овардани саломатии фарзандам ба Шумо муроҷиат дорам.

Илтимос, муроҷиатамро рад накунед. Илтимос, фарзандамро наҷот диҳед. Аввал аз Худованди мутаол умед дорам, баъдан аз Шумо.

Бо эҳтироми бепоён,
Ҳусноро Аюбӣ.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман Иншааллох рузхой наздик кумаки худро мерасонам хубтар мешудки мегуфтед чи кадар маблаг лозимаст барой табобати фарзандатон
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом хоҳари азиз
Худованд ба шумо дар ин рузи сахти зиндагиятон мадад расонад
Агар имкон бошад копияи паспорти худро низ дар ин саҳфа ҷойгир кунед
иншоаллоҳ кушиш мекунем ки кумаки ночизи худро расонем

худо нигаҳдоратон бошад
Посух додан
  • мехмон

  • 30 июл 2013 08:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Salman,
як пиёла чурготи говиро нонмайда карда дихед ишолох нагз мешавад
Посух додан
  • мехмон

  • 30 июл 2013 08:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
як пиёла чургот нон майда карда дихед ишолох нагзмешавад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хох,рам Аллох, туро дар ин рузи сахт дар панох,аш нигох, дорад ... Дуо мекунам Худованд тифлатро шифои комил насиб гардонад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Духтури босавод ёфтан даркор аввал. Бо духтури бесавод миллиард бошад хам шифо намеёби.
Посух додан
  • инсон

  • 1 август 2013 16:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ташакур барои нафарони саховатманд. дар хаки кудак ва хамаи беморон дуо кунед чунки дахаи махфират аст. ба сардухтурхам рахмат барои даст гириашон ба беморон. шахси ботакво будааст.
Посух додан
  • иван

  • 9 август 2013 16:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз хукумати джумхури тоджикистон талам кун ку мак кунанд
Посух додан
  • Хусноро Аюби

  • 10 август 2013 12:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввало шукронаи парвардигори азизу мехрубон ,ки бо розигии у ин фарзанди ман ба дунё омаду номашро ба муносибати модари пайгамбарамон номгузори намудам. Оллохи бузургворам хеч гох бандахое,ки дустдор ва амалкунандаи фарзи у хаст хеч гох хору залилаш намекунад чун , ки дард диханда ва шифо дихандаашхам худаш аст. Мухаббати офаридгори азизам буд ,ки ба шарофати у чандин нафарони бо имону худотарс (иллохо сафи чунин бародарон зиёд шавад), хатто огох карданд ,ки ному насабашонро нагирам ва худамхам намедонам минатдории худро ва ахли оиламро байён намоям. Ох худои бузургу мехрубонам инкадар бандахои неку саховатманд доштаи ,ки аз руи шунидам нафакат ба ман бал,ки ба дигар беморон низ кумаку амали хайри хешро мерасонидаанд. Мегуянд дуои модарон тир барин мустачоб мешавад. Бигузор хар амали хайри кардаашон ба ин бародарони мусалмон дар охират савоби баробари вазни кухи УХУД бигардонад.Фарзандам охиста охиста шифо ёфта истодааст. Минатдорам ба он нафароне ки дастгирам буданд .
Посух додан
  • NOMUS

  • 11 август 2013 22:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ILOHO MARIZHOI MUSALMONON RO SHIFO DEH . ALLOH SABR DIHAD SHUMOYA XOHARJON , ALLOH SHIFO DIHAD

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!