Бахшҳо
29 июл 2013 14:28Тоҷикистон / Сиёсат

Давлатов ҷойгузини полковники боздошткардаи Оҷонсии фасод шуд

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ахиран полковники милитсия, Хайриддин Алиев, собиқ сардори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷакентро ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 4 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт намудаанд.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии фасод имрӯз, 29-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, полковник Алиев дар симмати сардори шуъбаи умури дохилии Панҷакент ба ҳар восита барои гузаронидани корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз рӯи парванда алайҳи худаш монеа эҷод мекард. Ба гуфтаи Саидов ин полковники милитсия шоҳидони парвандаро барои берун рафтан аз кишвар розӣ карда худаш ба бозпурсиҳои муфаттиши Оҷонсии фасод ҳозир намешудааст. Аммо баъди оне, ки аввали моҳи равон аз симмати сардори шуъбаи умури дохилии Панҷакент гирифта шуд, дарҳол боздошт гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки 16-уми июли соли равон бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон ба ҷои Хайриддин Алиев, Раҳмон Давлатов, аз мунтақидони шадиди Оҷонсии зидди фасод, раҳбари Идораи пулиси Панҷакент таъин шуд.

Оқои Давлатов рӯзи дувуми июли соли ҷорӣ дар симмати сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД дар Душанбе гуфт, “рафтори кормандони Оҷонси зиддифасод аз доираи қонунгузорӣ берун буда, ҳама тартиботи муқарраршударо вайрон мекунад.”

Вай таъкид карда буд, садҳо далел дорад, ки “чи гуна кормандони ин ниҳод бо сӯистифода аз вазифа ва шаҳодатномаи хизматӣ аз ҷавобгарӣ сар печида, дар баробари ин дигаронро ба фасод ва шиносбозӣ маҷбур мекунанд.” Ин масъули ВКД гуфта буд, миёни кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод шояд ҳамагӣ 5 дарсад масъулиятнок бошанду халос.

Мӯҳр
Хамон масъули ВКД рост гуфтааст, дар ин очонси умуман саводу саводноке нест, ку як нафар аз он очонсиро номбар созанд ки сохиби сертификатхои чахонии CPA, CIMA, ACCA буда аз мухосиботу хисобраси бохабар аст? Хама бо пора ба ончо сохиби вазифа гардидаву факат аз паи муаллимону духтурони бенавоянд. Ку сохиби як касру мансаби калонро дастгир намоянд. Чаро Зайд Саидовро пас аз 8 соли аз вазифа рафтан имруз гунахкор донистанд? Кучо шуд мухлати гузариши даъво? То имруз ин очонсиву кормандони "ба ору номус"-и он кучо буданд? Як ба атрофи шахр бингаред, чи гуна бо маоши хукумати мансабдорон дорои касрхои бохашамати зиёда аз 100000 долл ё мошинхои пуркиммату корхонаву магозаву тарабхонахоянд?
Худованд кормандони нобинои ин очонсиро ба чазои худ гирифтор созад!!!

холи вакту соатш мияки Фатох Саидуфа хдша дасгир кнан.


Тохирчон
Фасод агар ба мукобили ашхоси баландпояи давлати ва раисони шахру нохияро дар бар нагирад ахиран ин миллату давлатро решакан хохад кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)