Бахшҳо
29 июл 2013 15:11Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баҳси як акс: Зиндагӣ дар пойтахт рӯ ба таназзул овардааст?

Интишори як “Акси рӯз” аз шаҳри Душанбе бо вокунишҳои корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯбарӯ гашта, бархе аз онҳо гуфтаанд, зиндагӣ дар пойтахт рӯ ба таназзул овардааст.

Ин акси яке аз истгоҳҳои пойтахт мебошад, ки дар он қолинҳо барои хушк кардан овезон карда шудааст.

Худи гузорандаи ин акс навиштааст, ки сабаби овезон шудани қолин дар истгоҳҳо набудани нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ мебошад.

Аз сӯи дигар, модератори “Платформа” (гуруҳе, ки дар он акс нашр шудааст) мегӯяд, дар қуттии партовгоҳе бо забони чинӣ навиштаеро хондаам, ки чунин мазмун дорад: “Ман инро бешухӣ мегӯям!” Ба гуфтаи ӯ, чиниҳо алакай пешакӣ дар инҷо ҳама чизро барои худ омода кардаанд.

Яке аз корбарони дигари ин шабака дар посух ба гуфтаи медератор навиштааст, “аз пушти ҳамин чиниҳо мардуми мо дар қуттии партовгоҳҳо чӣ навишта шудааст намедонанд ва ҳар куҷо хоҳанд партовро мепартоянд.”

Баҳсҳои корбарони шабакаи мазкур хеле тӯлонию гарм давом карда, бештари онҳо гуфтаанд, зиндагӣ дар Душанбе рӯ ба таназзул овардааст. Ба гуфтаи яке аз онҳо, аз пушти зиндагии вазнин мардуме ба Душанбею Хуҷанд омадаанд, ки бо зиндагии шаҳрӣ тамоман ошно нестанд: “Ҳоло ба хотири рӯ овардани шумораи зиёди сокинони русто ба шаҳр, шаҳрҳо ба деҳот табдил ёфтаанд.”

“Мо тӯли даҳ сол талош кардем, яке аз ҳамсояҳои худро бо зиндагии шаҳрӣ ошно созем, вале нашуд. Ин оила дар табақаи 4-уми бино ба сар мебараду бебокона аз табақи 4-уми партовро ба замин мепартоянд. Ҳоло мо маҷбур шудем аз пушти онҳо ба хонаи яке аз хешонамон омада, зиндагӣ кунем, ки онҷо ҳанӯз “шаҳриҳои навин” наомадаанд”,-навиштааст дигаре.
Мӯҳр
Насим
Устод Лоик дар яке аз шеърхояш, ки бо радифи эй хок бар сарам эчод карда буданд, навишта буданд:
Бар шахр рехт подаи муру малах мисол,
......................... эй хок бар сарам

Раиси хамон махалара бояд дар чои Ана хамон колинхо овехт! Маоша ку мегира наход хамикада аклаш нагира ки хамсояхояшро одоби шахрдориро фахмонад! Афсуууус сад афсуууус

укоб
Дар шахр нест чехрае то бишкуфад дилам,
Аз кузахои зишту чугун дилшикастам.
Болида доштам диле аз фарри точикон,
Аз холу рузи пасти кунун дилшикастаам

Дар шахр нест чехрае то бишкуфад дилам,
Аз кузахои зишту чугун дилшикастам.
Болида доштам диле аз фарри точикон,
Аз холу рузи пасти кунун дилшикастаам

Dev
Dushanbe holo yak dehoti kalonro memonad ,ki az aju uyash dili kas behuzur megardad !

олдпр
Аз 10 нафаре ки дар Душанбе мебини 8 нафараш чехрахои турки-мугули доранд. Ориеихоро хамара ба Россия мухочир намуданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)