Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:29

Шикояти Қудратов аз болои Ниёзбадалов ба Додситонии кулл

29 июл 2013, 16:52

Шӯҳрат Қудратов, собиқ вакили мудофеи Зайд Саидов, тасмим гирифтааст, аз болои Фирдавс Ниёзбадалов, муфаттиши Оҷонсии зидди фасоди молӣ, ба Додситонии кулл шикоят бубарад. Оқои Қудратов мегӯяд, Ниёзбадалов ӯро латту кӯб карда, ҳуқуқашро нақз ва эътибори корияшро поин бурдааст.

Ин вакили мудофеъ, ки рӯзи 29-уми июл бо “Озодагон” суҳбат мекард, гуфт, аз муроҷати қаблияш ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт посухе дарёфт накарда ва аз ин рӯ ба Додситонии кулл муроҷиат хоҳад кард.

Кудратов қаблан зимни як мусоҳиба ба “Озодагон” ҳодисаи латту кӯбашро чунин шарҳ дода буд: “Ин ҳодиса баъд аз вохӯрии рӯ ба рӯ (очная ставка) бо соҳибкор Окушев (тоҷири қазоқистонӣ, ки аз болои Зайд Саидов шикоят кардааст) рух дод. Рӯзаш дақиқ дар ёдам нест. Дар он вохӯрӣ ба ҷуз ман, муфаттиш Ниёзбадалов, Зайд Саидов, Окушев ва котиби дуюми сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон буданд. Меҳмонон баромаданд ва Фирдавс Ниёзбадалов дар шоҳидии Зайд Саидов маро таҳқир кард. Ман посух додам ва ӯ боз ҳам зиёдравӣ кард.”

Шӯҳрат Қудратов яке аз се вакили мудофеъ буд, ки аз ҳаққи Зайд Саидов ҳимоят менамуд. Ӯ дар муқоиса ба вакилони дигари оқои Саидов бо матбуот наздик буд ва ҳар хабари марбут ба нафари таҳти ҳимояташро зуд ба расонаҳо мерасонд. Аммо Зайд Саидов аз хидмати Шӯҳрат Қудратов даст кашида ва гуфт, ин корро барои худи Қудратов мекунад. Вале ин вакили мудофеъ бовар дорад, ки Зайд Саидов чунин тасмимро дар пайи фишорҳои мақомот гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Лакаев

  • 30 июл 2013 09:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пайда надорат. Хамаш дар дасти худушонай.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй халк шумо ба чои он ки дастгири кунед баръакс шаъну шарафи миллата паст мезанен. Бале ман инкор намекунам баъзе нодурустихо хаст лекин хамаро бояд бо якгдигар фахми бояд ичро кард.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!