Бахшҳо

Як тонна гандум ба Тоҷикистон бо нархи 355 $ ворид мешавад

Дар нимсолаи аввали соли равон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 298,4 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 355 доллари ИМА барои як тонна ворид шудааст.

Ҳамдам Тағоймуродов, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, воридоти гандум ба кишвар нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 45,6 ҳазор тонна ва ё 13,3% кам шудааст.

Номбурда коҳиш ёфтани воридоти гандумро як омили мусбат арзёбӣ кард ва сабаби онро зиёд шудани истеҳсоли дохилӣ, ҳамчунин кофӣ будани захираҳо аз ҳисоби гандум унвон намуд: “Ин, ки кам ворид шудааст хуб аст ва ягон пайомади манфӣ надорад”.

Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ ғалла асосан аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.
Масъулини хадамоти мазкур иброз медоранд, ки ҳоло нархи миёнаи орди якуми истеҳсоли Қазоқистон бо вазни 50 кг дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 140 то 145 сомонӣ, дар Хуҷанд 138-140, дар Қӯрғонтеппа 145-150 сомониро ташкил медиҳад.

Аз руи маълумоти ин хадамот, нархи миёнаи орди якуми истеҳсоли ватанӣ бошад бо арзиши 145,3 сомонӣ дар кишвар ба фурӯш бароварда шудааст.
Мӯҳр
РОСТИ ГАП МАН НАРХИ ОРДРО ДАР ТОЧИКИСТОН НАФАХМИДАМ.
298,4 ХАЗОР ТОНН ГАНДУМЕ, КИ ОВАРДАНД НАРХИ ХАР ЯК ТОННАШ 355 ДОЛАРИ ГУФТАНД АГАР ХИСОБ КУНЕМ БО ПУЛИ СОМОНИ ДАР САРИ ХАР ЯК ХАЛТАИ 50 КГ-И ГАНДУМ ТАКРИБАН 84 СОМОНИ МЕРАСАД...........
ЯЪНЕ ДАР ТОЧИКИСТОНИ МО ЯК КИЛЛО ГАНДУМ 84 СОМОНИ ВА АГАР ОРД ШАВАД 145 СОМОНИЮ 30 ДИРАМ............
РОСТИ ГАП МАН САБРАЗИТ НАКАРДАИСТОДААМ Ё............

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)