Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:36

Аҳмадинажод президенти Тоҷикистонро ба Теҳрон даъват мекунад

10 май 2011, 11:48

Махмуд Ахмадинажод, раиси ҷумхурии исломии Эрон аз   президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки дар ҳамоиши чаҳонии мубориза бо терроризм , ки  дар Техрон баргузор хоҳад шуд, ширкат варзад.

Муҳаммадризо Шайбонӣ муовини вазири хориҷаи кишвари исломӣ, ки шоми дирӯз вориди Тоҷикистон шуд, субҳи 10-уми май бо сарвари ҳукумати Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом дода,  даъватномаи  Аҳмадинажодро ба президент Раҳмон супорид.

Мухамадризо Шайбонӣ баъди анчоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон гуфт, баргузории ин иҷлоси ҷахонӣ  дар роҳи муборизаи муассир бо тероризми байалмилалӣ нақши бузурге хоҳад дошт.

Маврид ба ёдоварист, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар авохири мохи апрели соли ҷорӣ зимни  ҷаласаи ҷашнии Шӯрои чамъиятӣ , таҳдиди терроризми исломиро, ки ба гуфта вай дар чанд соли ахир дар кишварҳои ҷаҳон вирди забонҳост, сохта ва маснӯъӣ хонд. Ба гуфти ҷаноби Раҳмон, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз миён рафтани хатари коммунизм  "ҳоло шиори хатари терруризми исломӣ пайдо шудааст."

Ҳамзамон, тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон дар мулоқоти имрӯза масоили феълии муносиботи миёни ду кишвар ва дурнамои  рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муҳаммадризо Шайбонӣ аз раванди рӯ ба рушди хамкорихои иқтисоди миёни Точикистон ва Эрон истиқбол карда гуфт ҳанӯз зарфиятҳои истифоданашуда дар ин бахш хеле зиёд аст.

Ёдрас менамоем,  танхо тайи се мохи аввали соли 2011 давлати исломии Эрон дар иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 28 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.  Нерӯгоҳи обии «Сангтӯда-2» ва «Нақби мошингарди  “Истиқлол» аз бузургтарин тарҳҳои иқтисодие хастанд, ки бо сармоягузории   ҶИЭ бунёд шудаанд. Инчунин, тавофуқ шудааст, ки  пас аз поёни сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” то охири соли равон , мухтахассисони Эрон ба бунёди нирӯгоҳи обии Айнӣ дар шимоли Точикистон шурӯъ хоҳанд кард


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!