Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:09

Вазорати адлия:Тағйири ному насаб танҳо бо хоҳиши шаҳрванд сурат мегирад

21 июл 2011, 09:28

5.919 нафар ба шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намуда, дар шаш моҳи ахир тағйири ному насаб кардаанд.


Равшаной Умарова, сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вазорати адлия мегӯяд, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба қайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ тибқи модаи 67-и қонуни мазкур, тағйир додани насаб ва ном дар асоси хоҳиши шаҳрвандон амалӣ мешавад. Ӯ гуфт, имрӯз аксарияти муроҷиаткунандагон мехоҳанд, ки ном ва насаби интихобкардаашон ба насаби хонаводагияшон монанд бошад, бо вуҷуди он ки насаби онҳо зода ё ин ки -ов ва -ев аст, қабул карда истодаанд. Дар бисёри ҳолатҳо нафароне муроҷиат мекунанд, ки дар шиносномаи эшон ном ва номи падар яъне (зода) аст, ва ин барои ба хориҷи кишвар сафар намуданашон монеаъ мешавад, аз ин сабаб онҳо тағйири ному насаб мекунанд.     
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки танҳо шахси ба сини 16 расида, бевосита худаш метавонад барои тағйири ному насаб муроҷиат кунад ва нафаре, ки  дар хориҷа қарор дораду падару модар ё каси дигар аз номи ӯ барои иваз намудани ном ё насаб ба шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд қабул карда намешавад, чаро ки қонун инро иҷоза намедиҳад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!