Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:58

Қирғизистон аз барқи Тоҷикистон “рӯй гардондааст”

30 июл 2013, 09:31

“Барқи тоҷик” мегӯяд, ба Қирғизистон барои хариди нерӯ аз Тоҷикистон расман пешниҳод ирсол намудаанд, аммо ҷониби ҳамсоя то ҳол розигияшро баён надоштааст.

Абдулло Қурбонов, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик”, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, айни ҳол фурӯши барқ аз Тоҷикистон асосан ба Афғонистон сурат гирифтааст: “Бо Қирғизистон асосан табодул сурат мегирад.”

Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” дар маҷмуъ дар шаш моҳи аввали соли равон 361,7 миллион килловат нерӯ содир шудааст, ки 349,7 миллионаш ба Афғонистон рост меояд. Қурбонов мегӯяд ба Афғонистон ҳар киловат барқ тариқи хатти интиқоли 220 Квт бо нархи 3,6 сентӣ ва тавассути хатти интиқоли 110 Квт ба ивази 2,5 сентӣ фурӯхта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон иқтидор дорад, дар фасли гармо ҳудуди 6 миллиард килловат нерӯи барқро истеҳсол намояду аз ҳисоби фурӯшаш ба хориҷ беш аз 200 миллион доллари амрикоиро ба даст орад, аммо ба далели пайдо накардани муштариёни мавсимӣ ва набудани хатти интиқол ин миқдор пул ҳамасола ба об меравад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хам давлати турктабораст. Аз вай умед накунед. Ба худамон дар зимистон кимматтар фурушед, мехарем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ба намояндагони Барки точик як пешниходи фоидаовар доштам. Мухтарам ширкати монополии Барки точик биеед шумо дар фасли зимистон кувваи баркро ба дехотхо бо нархи 4 сент фурушед вале лимит накунед мо мардуми дехот ба ин хурсанд ва рози хастем. Ба чои харидани кумуру шамъ бехтараш инро барои свет медодем нагз мешуд. Илтимос пениходи маро чоп кунед

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!