Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Мусодираи амволи тоҷирони хитойӣ аз сӯи кормандони андози Тоҷикистон

21 июл 2011, 09:36

Кормандони  мақомоти андоз дар рафти як амалиёти назоративу санҷишӣ чанд қонуншиканиро аз ҷониби соҳибкорон ошкор карданд.


Тавре ба «Озодагон» аз ин ниҳод хабар доданд, рафти санҷиш дар ноҳияи Шоҳмансури  пойтахт, кӯчаи  Адҳамов  хонаи  30, муайян намуд, ки шаҳрванди ҷумҳурии халқии Хитой Мяо Секуа аз сокини Душанбе Қудратулло Раҷабов хонаашро ба иҷора гирифта, бидуни қайд дар мақомоти андоз ба  фурӯши маҳсулотҳои  истеҳсоли чинӣ, аз қабили хӯрокворӣ ва маҳсулоти зераксизӣ машғул гардида, харидорони маҳсулотро низ муҳоҷирони хитойӣ ташкил медиҳанд. Дар вақти санҷиш аз автомашинаи  боркаш, ки дар саҳни ҳавлии бино қарор дошт ва  барои берун баровардани бор омода буд, ба миқдори 1560 дона оби ҷав  дар зарфҳои  ғунҷоишашон 0,5 литра бе борхат ва бе сертификати мутобиқати мол ошкор карда шуд.
Ҳамзамон, аснои азназаргузаронӣ аз роҳрави хона ба микдори 162 литр нӯшокиҳои спиртии  истеҳсоли хитоӣ ба маблағи 576 сомонӣ ва инчунин 8.500 қуттӣ махсулоти тамокуи  истеҳсоли хитой, ки  маблағи умумии он 8.500  сомониро ташкил медиҳад бе тамғаи аксизӣ дарёфт гардид. Дар  маҷмӯъ маҳсулоти зераксизии бар хилофи қонунгузорӣ ба фурӯш баровардашуда маблағи 13. 576 сомониро ташкил медод  ва мутобиқи талаботи кодекси андози ҷумҳурии Тоҷикистон барои надоштани тамғаҳои аксизӣ  маҳсулотҳои  тамоку ва машруботҳои  спиртӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ мусодира гардида, нисбати соҳибкори мазкур  протокол тартиб дода шуда барои ташхиси минбаъда муваққатан ба комбинати хӯроквории шаҳри Душанбе  супорида шуд. {jathumbnail off}  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!