Таркиш дар Навоии Узбакистон, наздик ба Панҷакент
Таркиш дар яке аз сехҳои кимиёвии ҶСК “Navoiyazot”, ки дар шаҳри Навоии Узбакистон ҷойгир аст, боиси ҳалокати ду нафар шудааст. Хабаргузориҳои Узбакистон мегӯянд, дар пайи ин таркиш 15 тани дигар ҷароҳат бардошта, ҳоло бо табобат фаро гирифта шудаанд.
Бино ба иттилои хабаргузориҳо, ин ҳодиса рӯзи 27-уми июли соли ҷорӣ, ҳангоми шанбегӣ дар корхона, рух додааст. Аммо дар расонаҳо ин иттилоъ баъд аз чанд рӯз паҳн гардидааст.
Мақомоти Узбакистон мегӯянд, вазъият дар корхона ором буда, айни ҳол сабаби ин воқе пажӯҳиш мешавад. Аз ҷониби роҳбари корхонаи «Navoiyazot» дар мавриди ҳолати рухдода дар ягон оҷонсии хабари иттилоъ дода нашудааст.
Хабаргузории «Узметроном» мегӯяд, дар бораи паҳн шудани маводи зараровар дар атроф иттиллоъ дода намешавад. Аз сабаби бевосита наздик будани заводи кимёвӣ ба ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон, эҳтимол дорад, ин мухолифати байналмилалиро ба миён орад. Дар ҳоле ки тайи чанд соли охир Узбакистон пайваста дар бораи зараровар будани корхонаи алюминиюм -- «Талко» нисбат ба Тоҷикистон даъво дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |