Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:09

Тоҷик Эйр: “Аз манъи парвозҳои МА-60-и чинӣ зарар намебинем”

30 июл 2013, 11:53

Созандагони ҳавопаймои чинӣ ё хитоии МА-60, ки ахиран Вазорати нақлиёти Тоҷикистон парвози онҳоро дар кишвар манъ кард, ба Душанбе омадаанд.

Лола Кенҷаева, масъули дафтари матбуотии ширкати “Тоҷик Эйр”, ба “Озодагон” гуфт, аз корхонаи истеҳсолкунандаи МА-60 “Xian Aircraft International” ҳайати техникӣ ба Душанбе омада, дар якҷоягӣ бо мутахассисони тоҷик қазияи ахир дар фурудгоҳи Душанберо таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, “чанде қабл ҳангоми хизматрасонии техникии ҳавопамойии МА-60 шасии он беихтиёрона ғундошта шуда ва ҳавопаймо ба замин нишаст.”

Дар пайи ин қазия Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳои МА-60-ро то анҷоми омӯзиши қазия мутаваққиф намуд. Лола Кенҷаева мегӯяд, манъи муваққатии парвозҳои МА-60 ба “Тоҷик Эйр” зарар нахоҳад расонд: “Айни ҳол боз истодани ҳавопаймо ба фаъолияти корхона ягон зарар намерасонад. “Тоҷик-Эйр” боз 5 “Боинг”- и дигар дорад, ки дар хатсайрҳои МА-60 парвоз доранд.”

Ба иттилои Кенҷаева, омӯзиши қазияи марбут ба МА-60 дар назар аст, давоми ду ҳафтаи оянда ба анҷом расад ва аз натиҷаҳои он қарорҳои нав қабул хоҳанд шуд. Ҳавопаймои МА-60 бо қарзи Эксимбонки Чин охирҳои соли 2012 гирифта шуда, дар хатсайрҳои дохилию хориҷӣ парвоз мекунад. Мӯҳлати пардохти қарз 12 сол муайян шудааст. МА-60 бо 56 ҷои нишаст ба масофаи то 1,3 ҳазор километр тавони парвоз дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Соли гузашта аз Киргизистон ба Точикистон бо хамин хавопаймо омада будам ! Бовар кунед ин ТАНГЕМ2 мебошад! Курсихои нишасти кок берохатро дорад дар болои Душанбе даруни абр даромад як мотораш овози дигар медихад ба ин хавопаймо пеш аз савор шудан калима арза намоед ))))) Бори дувум омаданам боз хамин хавопаймо будааст дар фурудгохи конякро нушида сархуш шудаму баъд савор шудам ! Аз рафтан аз хавопаймохои СОМОНАЙР истифода мебурдам хело борохат ва дилпур мебошанд! Илтимос хамина даф кунед !!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!