Бахшҳо
30 июл 2013 12:14Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раҳимзода: Моро бо калтак кӯфтан мехоҳанд

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз хориҷ ба кишвар 3 миллиард доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки на ҳамааш пули фиристодаи муҳоҷирон мебошад.

Шариф Раҳимзода, вазири иқтисоду савдо имрӯз, 30-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “доимо мора аз рӯи гирифтани пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар дар ҷои аввал қарор медиҳанд. Ин корро нафароне мекунанд, ки мехоҳанд, давлати Тоҷикистонро паст зананд ва бо ин маълумоташон моро бо калтак куфтанӣ ҳастанд. Дар асл миёни ин маблағе низ мебошад, ки аз ҳисоби содироти маҳсулоти гуногун ворид мешавад. Масалан, дар шашмоҳаи соли равон 111,17 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ содирот шудааст, ки маблағи он пас аз фуруш дар бозорҳои хориҷа ба кишварамон интиқол дода мешавад. Ин маънои онро надорад, ки ин пули муҷирони тоҷик мебошанд.”

Баробари ин ба гуфтаи вазири тоҷик, имрӯз беш аз 300 000 шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд: “Онҳо пештар тоҷикистонӣ буданд ва ҳоло шаҳрванди Русия мебошанд. Онҳо ба хешу таборашон пул мегузаронанд ва ин пули муҳоҷирон ҳисоб намешавад.”

Раҳимзода таъкид намуд, ки ин омор таҳлили дақиқ мехоҳад ва танҳо Бонки миллӣ метавонад, маблағи дақиқи муҳоҷиронро муайян кунад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз гуфтани ҳаҷми маблағи муҳоҷирон худдорӣ кард ва гуфт, “ҳар гоҳе, ки ҳаҷми маблағи ирсолкардаи муҳоҷиронро мегӯям, дар расонаҳо ба он тобиши сиёсӣ медиҳанд.”

Дар ҳамин ҳол ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 1 миллион шаҳрванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, манбаи асосии муътадилияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд.
Мӯҳр
Мухочири точик
Ухуууу, кашфиёти нав ку, чаноби вазир!!! Хамин хел хукумат рондан гиред, баъди 2 сол ними Точикистон шахрванди Русия мешавад. Хай ба шумо ку чи фарк дорад. Главный пул фиристанд, шуд-да.
Аммо, фаромуш накунед, ки инхо душахрвандиро кабул кардаги хастанд ва шахрванди Точикистон хам хисоб мешаванд.
Ва баъд инхо, ки ними Точикистон ки шахрванди Русия шуд, шумо ба ки даркор, зуд бевазифаатон мекунанд!

ппа
Наконец то хукумат шарм карда истодааст, ки мардуми чумхуриро мухочирон мехуронанд. Офтобро бо доман пушонида намешавад. Ба хама маълум аст, ки ин хукумат танхо як гурухи хурди худихоро хуронида истодааст. Маоши коргарони катории хукумат бошад хатто ба хамон обедпули намерасад. Мухочирон набошанд, чумхури банкрот хохад шуд. Инро мардона бояд эътироф намуд. Кори хукумат бошад факат чашну маърака, флагшток, чойхона, бобои Файз...

Ба назар чунин мерсад, ки хукуматдорони мо ба чои пуштибони аз мо охиста охиста аз пулхои мефиристодаи мо шарм карда даромади моро ба унвони худ гузаронидаанд.
Ба чойи руст кардани пулхои мо хубтараш чойхои кории нав таъсис дихед. Агар 300 хазор ва хатто як миллион хам шахрвандии Русияро кабул кунанд боз хам мухочир боки мемонанд ва баробари пайдо шудани шароити бехтар (чунин шароитро харгиз хукмати феъли мухайё нахохад кард) ба ватан бармегарданд. Ва баъдан фаромуш накунед, ки новобаста ба кабулии шахрванди Русия дар баробари пул часади онхо хатман ба барои хок шудан ба ватан интикол хохад ёфт.
Ба хамин хотир аз масъулин эхтиромона хохиш мешавад, ки бехунарии худ ва атрофиёнашонро ба мухочирон бор накунаду харчи мефиристем шукр карда эътиироф кунед ки ин пули мухочирони аз дасти Шумо дар ба дар шуда аст.

Хукмиддин
э лекин вазир шуда наход ъхамин гапро гуйи: "имрӯз беш аз 300 000 шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд: “Онҳо пештар тоҷикистонӣ буданд ва ҳоло шаҳрванди Русия мебошанд. Онҳо ба хешу таборашон пул мегузаронанд ва ин пули муҳоҷирон ҳисоб намешавад.”
Рахимзода дар ёд дор ин мардуми шахрвандии русиро гирифта даъвои ин хоку об доранд мисли шумо барин вазирон ки баъзетон хам ин макомро дореду дар хиёбонхои кимматбахои Москав сохиби манзилхо низ хастед аз хисоби пули мо --ХАЛК[

Э.Рахмон
Чанобон Вазирон, мансабдорон! Шукрона кунен, ки мо мухочиронро дорем, мухочирони сохибистиклол. Шукрона кунен ки имруз милионхо пули худро ба мо равон карда истодаанд. Шукрона кунен, ки сафи онхо сол аз сол беш шуда истодааст. Шукрона!

Рахимзода худашро сафед кардан хоста, корхояшро мебахшед, "хит" кард. Аз Точикистон, ки чумхурии аграри аст, дар ним сол 111 тонна махсулоти хочагии кишлок содирот шудаст. Ду вагон бор а? Ман мебудам, аз вазифа мерафтам. Тем более, ки маошаш хам кам будаст бечорая.

Агар мард боши як мох воридоти маблаги мухочиронро маън кун кани баъд маълум мешавад ки мардуми дохилро ки мехуронад ? Вазири мухтарам аз рузе ки монданта ягон гапи босаводона нагуфти, хама гапот ранги бобои файз. Кам кам дар любой сину сол китоб хонданам западло нест.
ЛАЙК: Кори хукумат бошад факат консерт дар телевизион, чашну маърака, флагшток, чойхона, бобои Файз...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)