Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

67%-и амрикоиҳо аз амалиёти низомии ИМА дар Афғонистон норозӣ будаанд

30 июл 2013, 12:19

Теъдоди шаҳрвандони ИМА, ки ширкати неруҳои кишварашон дар амалиёти ҷангии Афғонистонро пуштибонӣ мекунанд, ба 28 дар сад коҳиш ёфтааст.

Тибқи як назарсанҷии рӯзномаи «Вашингтон Пост» ва шабакаи телевизионии ABC, 67 фоизи пурсидашудаҳо гуфтаанд, амалиёти мазкур арзише надорад, ки онро баргузор кунӣ.

Дар ин назарпурсӣ, ки тариқи телефон сурат гирифтааст, 1002 шаҳрванди болиғи Амрико ширкат кардаанд.

50 дар сади амрикоиҳо гуфтаанд, ҷанг дар Афғонистон ба таъмини амнияти ИМА дар дарозмуддат кӯмак накард. 43 фисад нуктаи назари дигар доштаанд.

Дар ҳамин ҳол 43 дар сад гуфтаанд, ҷонибдорӣ комилан аз хоки Афғонистон берун кардани неруҳои Амрико ҳастанд. 53 фисад, бар ин будаанд, ки бояд як қисме аз неруҳо дар давлати исломӣ боқӣ монанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!