Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:45

Кумитаи сармоягузорӣ: Боздошти Зайд сармоягузоронро намегурезонад

30 июл 2013, 12:51

Мақомоти Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон мегӯянд, боздошти Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси “Тоҷикистони нав”, сармоягузорони хориҷиро, ки бо ӯ ҳамкорӣ доштанд, намегурезонад.

Шӯҳратҷон Раҳматбоев, муовини аввали раиси Кумита, рӯзи 30-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, аз ин гуна тоҷироне, ки бо сармоягузорони хориҷӣ ҳамкорӣ доштанду боздошт гардидаанд, Зайд Саидовро мешиносад ва чунин ҳолат зиёд нест. “Аз дигаронаш хабар надорам ва дар бораи ин тоҷир, ки парвандааш дар тафтишот аст, чизе гуфта наметавонам”,-афзуд ӯ.

Оқои Раҳматбоев дар идома аз муносибати бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ дар мавриди шеваи муносибаташон бо сармоягузорону соҳибкорон изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, яке аз омилҳое, ки соҳибкронро намегузорад ба ҷуз аз пойтахт, дар дигар минтақаҳо сармоягузорӣ намоянд, ин муносибати бади роҳбарон ва мақомоти маҳаллӣ мебошад.

“Аксаран муносибат бо соҳибкорон хуб нест, онҳоро ба мушкил дучор месозанд. Ин вазъ бештар ба минтақаи Хатлон рабт дорад”,-гуфт ӯ.

Раҳматбоев илова намуд, бештари сармоягузориҳо ба Душанбе рост меоянд ва аксари сармоягузорон низ дар марказ сармоягузорӣ кардан мехоҳанд. Бар асоси иттилои Шӯҳратҷон Раҳматбоев, дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар 182,2 миллион долларро ташкил намудааст, ки аз ин 62,4 миллионашро сармоягузории мустақим, 119,5 миллионаш қарзҳои ҷалбнамудаи корхонаву ташкилот мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хамидчон, шохид

  • 30 июл 2013 15:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мугосибаташ бо хабарнигорон хеле дурушт буд ва бо лахчаи махал сухан мекард Суханхои адаби нихоят кам будаанд
Посух додан
  • фарзод

  • 30 июл 2013 19:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамидчон, шохид,
ҳамин адабиша худат ёд дори чи аст наход сони сони гуфтану ӮӮӮӮӮӮӮӮӮӮӮӮӮӮӮ гуфтану тон тон кунетон адаби бошад
дар ҳеч ҷои дунё миллатҳо инхел 2 забона (адаби ва лаҳҷа) нестанд
Посух додан
  • кандалот

  • 31 июл 2013 09:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
гапзании шефша бинида
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Суол ба кумита - чанд млн. долл. сармоя ворид кард ? (кори кумита факат бахроми кал, абдусамади гнида, шуъбаи харид, спектакли хафтаинаи давлатов, 3% аз хар тендер)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Во вайло бгубахроми кал неву Бахроми чубина дурустай
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
А за что 3% берут и что днляют

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!