Бахшҳо
30 июл 2013 13:35Тоҷикистон / Сиёсат

Шариф Раҳимзода: "Мард шаведу биёед, бо маоши ман кор кунед"

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, аз мунтақидони ҳукумат даъват кард, ки биёянду дар мансабҳои давлатӣ кор кунанд.

Оқои Раҳимзода рӯзи 30-юми июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "ҳоло бисёриҳо аз дур, аз ҷумла аз хориҷ истода доду вой мекунанд, ки мо зӯр. Шумо зӯр бошеду ватандӯсту ватанхоҳ бошед, биёед, дар қатори ман бо маоши ман кор кунед. Худашон дар хориҷ ё худ созмонҳои хориҷӣ то 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ маош мегиранду доду вой мекунанд.”

Раҳимзода дар мавриди кор дар вазорати зертобеаш гуфт, “баъд аз донишгоҳ мебиёянд, талош мекунанд, ки ба кор қабул гарданд. Вақте фармони қабулашон баромаду ҳаҷми маошашонро диданд, баъд аз чанд муддат корро партофта мераванд. Дар мо маош барои нафароне, ки баъди донишгоҳ меоянд, аз 457 сомонӣ сар мешавад.”

Вазири рушди иқтисод ва савдо ба масъалаи таносуби маош бо нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон дахл карда, эътироф намуд, ки маошҳо пастанд: “Аммо пешравӣ ҳаст. Аз ҷумла, маош дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 25-30 фоиз боло рафтааст. Сатҳи таваррум бошад, дар нимсола ҳамагӣ 1,6 дарсадро ташкил медиҳад.”

Ба иттилои Раҳимзода, айни ҳол дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақал 200 сомонӣ буда, маоши миёна ба 690 сомонӣ баробар аст.
Мӯҳр
енке
О хайр харочоти бехударо бас кунеду маошро бардоред.

Таркиватанкарда
Шумо мард шуда истеъфо тиед, мо рафта мард вори бо хамин маош аз Шумо бехтар кор мекунем!

точик
куртат кати галстукат чанд сомони?

Номи Вазорататон "рушди иктисод" аст. Пас иктисодатонро рушдщ дода маоши мардума бардоре ва таъна хам накунед ки дар Русия кор мекунем. Имруз аз хар як хонаи точик мухочир хаст дар Русия. Акнун ин обру аст ё ... Хамон мухочирон пул равон накунанд иктисоди шумо як сомони хам рушд намекунад. Бо маоши пастатон мардумро гунахкор мекунед-а(( маошатон паст вале даромаду каналхои тенч хаст-ку. Аммо мардуми бечора аз кучо даромад дорад? 600 сомон маош мегирад як тарбуз 10 сомони. Чаро дар сизони гандум орд арзон намешавад? зимистон хам 150 хозир хам... Ана инро фаркгузори кунед ВАзорат!! Мухочирон дар 6 мох 3 миллиард доллар фиристодаанд, ки ин пулро тамоми чумхури дар як сол даромад карда наметавонад....Бо хамин маоши пастатон бо коргаронро муттахам мекунед шарм надошта. Барои мисол дар Казокистон журналист 5 хазор доллар маош мегирад. Дар мо 200 доллар хам нест....

аслан функсия ва самтхои фаъолияти ин вазорат номаълум асту вазорати мазкур "шикамба"-и зиёдатиест ба мисли 70%-и дигар сохторхои давлати.
Ба маблаги фиристодаи мухочирон чи кор дори бесавод. 30 тонна хушкмева чанд миллиард аст? Щарманда!
Агар номус дори аз ин макому аз ин вазифа даст бикаш! То ба кай моли мардум мехуред?

Шумо мард шаведу ба истеъфо равед мо меёбем шахси арзандаеро, ки ба чои Шумо ва бо ними маоши шумо кор кунад.Мебахшеду ба гуфти бародархои дигар хамон галстуки ва шими шумо чанд арзиш дорад? ва баъдан ба фикрам шумо мисли президенти баъзе давлатхо бар ба бари ман дар автобусу старекс ба кор намеравед. Шумо вазиред! як аз нигохи вокеи шарх медодед,ки дар точикистон бо хамин маоши шумо мегуфта 457 сомони зиндаги кардан мумкин аст ё не? Мегуед маош дар мукоиса бо хамин давра 25-30% боло рафтааст. Шояд аз Шумо рафта бошад вале на болорави балки худи маошро 2 мох шуд надидаем.Дар хусуси бародароне,ки шуморо аз хорич истода танкид мекунанд хато мегуед. Агар дадел доред,ки онхо хато мегуянд кушиш кунед дар ин сахифа акалан як сухани онхоро инкор намоед бо далели асоснок .Мебахшеду номусхам даркораст барои инсон .шумо дар ин вазифа абади нестед. хубтар мешуд чашмонатонро калонтар кушодаву ба замин вокеъбинона назар андозед. Зеро бузургон гуфтаанд "Офтобро бо доман пушида намешавад" ва дигар онки фикр накунед, ки дар ватанамон ба чуз шумо дигар боаклхо намонда!!!

Чаноби Рахимов маоши худатон чанд аст, ки онро арз намекунед. Фикр мекунам, ки на хадди аккал асту на миёна. оиди мошини хизмативу сафархои хоричиатон хомушед-а? шумо ба кадри мардуми мухочир намерасед. Мардум дар давоми зиёда аз 20 сол аст, ки аз зану фарзад, падару модар дуранду, иктисоди давлатро, ки шумо вазифадори рушди он хастед бо пулхои интикол мекардаашон дастгири менамоянд. Бехтараш ба истеъво равед, чун вазифаи шумо бе мансабдор намемонад.

Исфаринский
Шарифзода мард боши вазифаро медихи?Ман дар мохи шарифи рамазон ба номи АЛЛОХ касам мехурам,ки ТУ РАФИК ШАРИФЗОДА мемириву лекин вазифаро намедихи!Мард боши истеъфо дех зеро пасттарин рушди иктисод дар байни давлатхои СНГ дар Точикистон аст.Хатто девона хам медонад,ки он маоше,ки шумо мегиред ба шумо лозим хам нест!Зеро хазорхо схемаву системахои дуздиро шумо кайхокашф карда баромадаеду пули мардум ба чигилдони шумо меравад. ба ин афсонаи лаку паки ту хатто кудакон бовар намекунанд.

neki amin rahimova megan bo maoshi kori zindagi mekunand.bisyor chestni hastan.xonaash ham oddi ast..xudasham odami xoksor ast.xai boz xudo donost.inro yak odami nazdikash guft.

озод
Чаноби вазир шумоба маош чи лозим. Шумо хам мард шуда гуед ки хамин як ИМЗОАТОН чанд хазор доллар меистад?

толибилм
Таркиватанкарда,
точик,
Бо ин маош бо 3 зан чихел зиндагони мекунед

як вазири дигар хам хамин суханхоро ба коргарамон гуфта буд....(гуфта буд ки - ту чанд сум маош мегири - вай гуфт 500 долл. - баъд вазир гуфт ту хароми аз ман дида зиёд мегирифтаи пас чаро кам кор мекуни? коргарамон гуфт вазир биё чойалиш кунем? вазир аз шармандагия сурху сафед шуда ба мошин саросема шишта гурехт!). Тавре мебинем боз ин вазираш гуфт хамин суханхоро! Агар Шариф Рахимзода аз маошаш рози набошаду ба як маошаки ночизаш руз ба сар барад - у метавонад ки ба ташкилотхои байналмилали ба кор дарояд, то вазифаи уро ягон кадри босавод ухдадори кунад! как будто мы не знаем как и где его сын тратит бешенные бабки отца!

Барои вазир рушани меандозам. Он одамое ки дар созмонхои хоричи кор мекунанд аз шумо чандин маротибахо босаводтар мебошанд, ва фикр мекунам агар шумо хам ба ин мартабахо расед (дар гумон аст) ба шумо хам 1500 хазор долл ками мекунад. Дар оянда пеш аз суханрони кардан фикр кардан даркор. Дахони пушида хазор танга мегуянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)