Бахшҳо
30 июл 2013 13:39Тоҷикистон / Акс

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

Ибодуллои ТОҲИР

Дилафрӯз Икромӣ, ҳамсари шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ, тамоми бойгонии ӯро гирдоварӣ карда, ба онҳо бо номи “Осорхонаи академик Шакурӣ” мӯҳри махсус мезанад. Хонум Икромӣ ба “Озодагон” гуфт, гирдоварии бойгонӣ яке аз васиятҳои устод Шакурӣ буд ва ӯ то ҳоло ҳафтуним ҳазор китобро, шурӯъ аз Қуръони Карим, номнавис ва ба онҳо мӯҳр задааст.

Ба қавли Дилафрӯз Икромӣ, шумораи умумии китобҳои устод Муҳаммадҷон Шакурӣ наздик ба 15 ҳазор мебошад. Ҳоло масъалае, ки ба гуфтаи ӯ боқӣ мондааст, ҳифзи бойгонӣ дар манзили устод ё таҳвил додани он ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, Китобхонаи миллӣ ва ё Фарҳангистони забон ва адабиёти Эрон аст.

“Васияти устод ин буд, ки мегуфтанд осори маро тика-тика накунед. Дар васиятнома навишта шудааст, агар ҳамсарам Дилафрӯз Икромӣ мехоҳанд, бойгониамро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ё Китобхонаи миллии Тоҷикистон яклухт гиранд”,-гуфт Дилафрӯз Икромӣ. Мусоҳиби мо дар идома афзуд, чун устод академики Фарҳангистони забон ва адабиёти Эрон буданд, инчунин таъкид кардаанд, ки дар сурате ки аз Тоҷикистон касе хостори ин осор нашуд, ба сафири Эрон дар Душанбе муроҷиат кунанд.

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ“Гуфтанд, ба ҷуз китобҳои форсӣ боқимондаро яклухт ба Фарҳангистони забон ва адабиёти Эрон супоред. Таъкид карда буданд, ки баъд китобҳои эрониашро ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт диҳем”,-илова кард Дилафрӯз Икромӣ.

Ба гуфтаи ӯ, то ҳоло касе барои дарёфти осору бойгонии устод Шакурӣ муроҷиат накардааст ва онҳо низ тасмими нагирифтаанд, билохира онро ба кӣ бидиҳанд. Аммо хонум Икромӣ гуфт, ин васиятномаи устод Шакуриро ахиран ба Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе нишон додааст.

Дилафрӯз Икромӣ мегӯяд, бо писарони устод ҳам дар бораи бойгонӣ машварат кардааанд: “Ман гуфтам, китобҳо ва маводи бойгониро рӯйхат карда ба онҳо мӯҳр монда истодаам. Он вақт аз куҷое талаб карданд, медиҳем. Фарзандонашон ҳам ба ин фикр мувофиқанд. Аммо то ҳоло ягон кас ба мо муроҷиат накардааст. Агар ба ман пешниҳод кунанд, ки тамоми ин осорро яклухт мегиранд, бо камоли майл медиҳам”-афзуд ӯ.

Ҳамсари шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бораи васияти дигари устод бо мо суҳбат кард, ки он ҳам ба сари қабри ӯ марбут будааст. Вай гуфт, “вақти зинда будани устод ҳамроҳ ба қабристони “Лучоб” ба зиёрати оромгоҳи падарам (Ҷалол Икромӣ) мерафтем. Устод дар ҳамон ҷо гуфтанд, ки мехоҳам маро дар ҳамин қабристон ба хок супоред ва сари қабрамро бисёр хоксорона кунед, чунки ман аз заҳхона рафта истодаам. Хостанд ду мисраъ шеъри Лоиқро, ки дар китоби “Хуросон аст ин ҷо” чоп шуда буд, дар болои қабрашон нависем:

Гӯям, ки ман танҳою ту танҳотар,
Ватанам, о ватанам, о ватанам.”


Дилафрӯз Икромӣ мегӯяд, онҳо ҳамин тавр қабри устодро хеле хоксорона сохта буданд. “Мутаасифона, моҳи феврал сари қабрашон поймол шуд ва баъд ман панҷара гирифтам”,-гуфт ӯ.

Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ моҳи сентбяри соли гузашта дар бемористони Ибни Синои пойтахт даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд. Вай, ки 87 сол дошт, бештар аз дарди гурда ранҷ мекашид ва барои табобат ба Эрону Бритониё низ рафта буд.


АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ
Мӯҳр
Наход Хукумат хамикадар камбагал боша, ки китобхонаи устода харида натона?

Душанбеги
Ба фикрам арвохи Устод барохат мешавад агар дар Китобхонаи миллии Точикистон утоки махсус таъсис дода, махз дар хамин маскан ХАМАИ маводхои васияткардаи Устод Шакури чой дода шавад. Ташаккур.

Бойгонии Шакури - маводи бебахоест ва ба савдо мондани он айб аст. Муносибати хар як шахси маъмур е олиме, ки масъули ичрои васияти Устод Шакури мешавад шиносномаи хар як точикистони оид ба сатхи то чи андоза зиеи (интеллигент) будани хар як точикистони мешавад.
Бехтарин маскани шоен ва барои мухлисони эчодиети Устод дастрастарин - таъсист утоки махсус дар Китобхонаи миллии Точикистон аст. Ифтихори хар як точикистони аст, ки Устод гуфта будани: "... Хуросон инчост!" Едашон ба хайр.

Агар бойгонии устод Шакуриро мо сохиби накунему эрониён гиранд айбу шармандаги мешавад. Вакт аст то хукумат сари ин масъала таваччух кунад!

Як фарханги
Хамин маънои "яклухт додан"-ро равшан кунед. Агар маънои таъбири "яклухт фурухтан"-и китобхои устод ва онро "яклухт харидан"-и ягон чониб бошад, пас чои айб нест, нархи яклухти китобхонаро хонум Д. Икроми бо ракамхо муайян кунанд. Тачрибаи таъсиси китобхонаи хурд дар дохили як китобхонаи калон нухустин нест. Касе бо ба китобхонаи Академияи илмхо рафтааст, медонад, ки дар он чо "Фонди Олденбург" ва "Фонди Андреев" хаст. Ин шаркшиносони машхур ва гайриточик китбхонахояшонро ба таври рйгон ба Точикистон васият карда буданд. Дигар ин ки хамаи китобхои устод Шакуриро фурухтан аз руи инсоф ва ахлок нест, зеро акид бештари онхо ба дасти устод бепул, яъне чун тухфа омадаанд. Албатта, як маблаги муайян ба хамсари устод бибояд пардохт, то рузии худро дар зиндагии сахте, ки дар Точикистон аст, ёбанд. Аммо ба хеч вачх китобхо набояд аз Точикистон берун раванд. Эрон як давлати бузург ва худ дунёи китоб аст ва эхтиёч ба китобхонаи устод надорад. Бовари хаст, ки одамони дилсузе ёфт хоханд шуд, ки ин китобхонаи устодро харида, ба Китобхонаи Миллии Точикистон тухфа хоханд кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)